Оғози фаъолияти нахустин Маркази иттилоотии сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Дар рӯзҳои аввали Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон барои ташвиқу тарғиб ва бештар муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги миллӣ ва пешниҳоди маълумоти дурусту саҳеҳ ба сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ, нахустин  Маркази муосири иттилоотии сайёҳӣ таъсис ва  ба фаъолият оғоз кард. Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ин […]

Asia-Plus

Дар рӯзҳои аввали Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон барои ташвиқу тарғиб ва бештар муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги миллӣ ва пешниҳоди маълумоти дурусту саҳеҳ ба сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ, нахустин  Маркази муосири иттилоотии сайёҳӣ таъсис ва  ба фаъолият оғоз кард.

Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ин марказ бо таҷҳизотҳои муосири иттилоотӣ аз қабили телевизорҳои плазмавӣ, планшетҳо ва ноутбукҳо таҷҳизонида шуда, маводҳои иттилоотии сайёҳӣ, армуғонҳо барои сайёҳон ва дигар маводҳоро фарогир мебошад.

 Планшетҳо ба шабакаи интернет пайваст буда, фарогири тамоми иттилооти зарурӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии кишвар, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу табобатгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо, иқлим, ҳунарҳои дастиву армуғон ва дигар маълумотҳоро дар бар гирифта, ба меҳмонон маълумоти дуруст ва саҳеҳро пешниҳод менамояд.

Ҳадаф аз ташкил намудани маркази мазкур хизматрасонии машваратию иттилоотӣ ба сайёҳон ва ҷалби бештари сайёҳон арзёбӣ гардида, барои рушди соҳаи сайёҳӣ  заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар маркази иттилоотӣ доир ба харитаи хатсайрҳои сайёҳӣ, осоишгоҳ ва табобатгоҳҳо, ҳунарҳои мардумӣ, меҳмонхонаҳо кишвар маълумоти муфассал ва роликҳои таблиғотиву буклетҳои иттилоотӣ дарёфт кардан мумкин аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат