Нашри варақаҳои роҳнамои барқарорсозии мавқеи иҷтимоии шахсони аз маҳбас озодгашта

Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» роҳнамо – варақаҳоро барои шахсони аз маҳбас озодшуда таҳия намудааст. Варақаҳо маълумотро дар бораи хизматрасонии ройгон барои чунин категорияи одамон дар 10 минтақаи мамлакат, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Хуҷанд, Панҷакент, Қурғонтеппа, Хоруғ ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Восеъ ва Ҷайҳунро дарбар мегиранд. «Дар ҳамаи ин шаҳру […]

Иттилоияи расмӣ

Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» роҳнамо – варақаҳоро барои шахсони аз маҳбас озодшуда таҳия намудааст.

Варақаҳо маълумотро дар бораи хизматрасонии ройгон барои чунин категорияи одамон дар 10 минтақаи мамлакат, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Хуҷанд, Панҷакент, Қурғонтеппа, Хоруғ ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Восеъ ва Ҷайҳунро дарбар мегиранд.

«Дар ҳамаи ин шаҳру ноҳияҳо, ки бюроҳои ҳуқуқии муассисаи давлатии «Маркази дастгирии ҳуқуқӣ»-и назди Вазорати адлияи ҶТ кор мекунанд, инчунин қисман қабулгоҳҳои ҳуқуқии ташкилоти мо низ фаъолият мебаранд» – қайд намуд директори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», – Н. Зокирова.

Дар роҳнамо-варақаҳои нашршуда номгўи хизматрасонӣ ва суроғаи муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатие ҷой дода шудаанд, ки барои ёрии ҳуқуқӣ шахсони аз маҳбас озодшуда метавонанд муроҷиат намоянд. Номгўи хизматрасониҳо гирифтан ё барқарор намудани шиносномаи умумии шаҳрвандӣ, асноди ҳолати шаҳрвандӣ, барасмиятдарорӣ ва азнавҳисобкунии нафақа, масъалаҳои шуғл, гирифтани ҷубронпулӣ барои бекорон, баланд бардоштани ихтисос ва ғ.-ро фаро мегиранд.

Варақаҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои ҳар яке аз минтақаҳои алоҳида таҳия гардида, миёни шахсони аз маҳбас озодшуда тавассути мақомоти давлатии манфиатдор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар 10 минтақаҳои пилотӣ паҳн карда мешаванд. «Мо боварии комил дорем, ки варақаҳо ба шахсони аз маҳбас озодгашта барои дар ҷомеа пайдо намудани ҷойгоҳи хосаи худро кўмак мерасонанд», – қайд намуд Н.Зокирова. 

Фаъолияти мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳифзи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодгашта», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федералии Олмон доир ба ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, ба роҳ монда шудааст.

Лоиҳа аз тарафи Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» ва ТҶ «Ҷаҳон» амалӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат