ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8182 сомонӣ;
1 евро – 10.6956 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1555 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1941 — Дар Бадахшони Кӯҳӣ, наздикии маркази вилоят – шаҳри Хоруғ нерӯгоҳи обӣ-барқии Помир ба истифода дода шуд.
1943 — Анҷоми сохтмони Пентагон – бинои маъмурии бузургтарин дар ҷаҳон (604 ҳазор метри мураббаъ).
1962 — Дар тамрингоҳи Семипалатинск (Қазоқистони Шарқӣ)-и ИҶШС бори нахуст таркиши зеризаминии ядроӣ гузаронида шуд.
2001 — Президент Эмомалӣ Раҳмонов Қарор «Дар бораи давра ба давра кӯчонидани оилаҳои ҷавон аз ВМКБ ба ноҳияҳои Қубодиёну Бешкенти вилояти Хатлон»-ро ба имзо расонид.
2002 — Дар пойтахти Тоҷикистон сафоратхонаи Ҷопон кушода шуд.
1962 — Зодрӯзи Давлатов Нусратулло Муқимович, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -3+2.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +3+8.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -11-16, рӯзона -2+3; дар шарқ шабона -21-26, рӯзона -8-13.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -1+4.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +10+12.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +10+12.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -11-13, рӯзона 0+2.



