Freedom House Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои «ноозод» шомил кард

Тоҷикистон дар феҳрасти 29 кишваре ҷой гирифт, ки дар давоми даҳ соли ахир бо рукуди шадиди озодиҳои сиёсӣ рӯбарӯ шудааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар феҳрасти вижаи созмони байналмилалии Freedom House – Хонаи Озодӣ Тоҷикистон дар мақоми 13-ум ҷой гирифт. Масъулони созмон мегӯянд, ки давоми 10 соли ахир Тоҷикистон аз гурӯҳи кишварҳои "қисман озод" […]

Радиои Озодӣ

Тоҷикистон дар феҳрасти 29 кишваре ҷой гирифт, ки дар давоми даҳ соли ахир бо рукуди шадиди озодиҳои сиёсӣ рӯбарӯ шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар феҳрасти вижаи созмони байналмилалии Freedom House – Хонаи Озодӣ Тоҷикистон дар мақоми 13-ум ҷой гирифт. Масъулони созмон мегӯянд, ки давоми 10 соли ахир Тоҷикистон аз гурӯҳи кишварҳои "қисман озод" ба кишварҳои "ноозод" ворид шуд ва аз назари нишондодҳои озодиаш 17 зина поин фаромад.

Дар ин феҳраст Тоҷикистон баъди Озарбойҷон (-19) қарор гирифта, яке аз чаҳор ҷумҳурии собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ аст, ки ҳамроҳ бо Украина, Русия ва Озарбойҷон дар ин феҳраст ёд мешавад.

Дар гузориши нави созмони Хонаи Озодӣ, ки рӯзи 16-уми январ чоп шуд, гуфта мешавад, коҳиши "фоҷиабори" озодиҳои сиёсӣ соли 2017 дар тамоми манотиқи ҷаҳон мушоҳида шуд. Созмони мазкур вазъи озодиҳоро дар ҷомеаҳои ҳар кишвар аз назари фаъолияти матбуоти мустақил, кори созмонҳои маданиву шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, риоя шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ва дигар меъёрҳо баҳогузорӣ мекунад.

Соли 2018 гузориши Хонаи Озодӣ ба таври вижа вазъи озодиҳои сиёсиро дар Амрико мавриди танқид қарор додааст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, демократия дар саросари ҷаҳон мавриди хатар ва таҳдид аст. ИМА, ба навиштаи муаллифони гузориш, аз нақши суннатии пешбарандаи идеалҳои демократӣ даст кашида, Русия ва Чин фишорро дар кишварҳои худ афзоиш медиҳанд ва нуфузи харобкоронаи худро дар хориҷ густариш медиҳанд.

Созмони Хонаи Озодӣ, ки дар Вашингтон ҷойгир аст, дар гузориши бо номи “Озодӣ дар ҷаҳон – 2018” менависад, дар саросари сайёра "озодиҳои сиёсиву маданӣ хароб мешавад".

Ба навиштаи Хонаи Озодӣ, режимҳои “худкомаи” Русия ва Чин бо истифода аз фурсат ва ақибнишинии демократияҳои пешбаранда, талош доранд берун аз марзҳои худ амал кунанд, дигарандешонро шикор ва кори сохторҳои пойбанд ба қонунро ба чолиш кашонанд.

Бино ба арзёбиҳои Хонаи Озодӣ, Туркманистон ва Ӯзбекистон аз феҳрасти 12 кишвари “бадтарини бадтаринҳо” берун шуда, дар қатори Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои “ноозод” қарор гирифтанд.

Ҳукумати Ӯзбекистон як умедвории мӯҳтотонае медиҳад, ки баъди раҳбарии тӯлонии президенти худкома Ислом Каримов ба бекор шудани кори маҷбурӣ дар саҳро иқдом кард ва як муҳити нав, ҳарчанд маҳдуди сиёсиро барои ҷомеаи маданӣ эҷод кард.

Гузориш мегӯяд, ки вазъ дар Ӯзбекистон бояд мавриди таваҷҷӯҳ ва арзёбии пайваста қарор дошта бошад, то ки садои матбуоти мустақил баланд ва кори ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам чашмрас шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.