Беш аз 1,1 млн. метри мураббаъ манзил дар соли 2017

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1 млн. 100 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 ба андозаи 8,1% камтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2017 дар вилояти Суғд – наздики 465 ҳазор, вилояти Хатлон – 268 ҳазор, шаҳри Душанбе – 195 ҳазор, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1 млн. 100 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 ба андозаи 8,1% камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2017 дар вилояти Суғд – наздики 465 ҳазор, вилояти Хатлон – 268 ҳазор, шаҳри Душанбе – 195 ҳазор, ноҳияи тобеи марказ – 149 ҳазор ва ВМКБ – 44 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки сохтмони манзил дар ҷумҳурӣ асосан аз ҷониби субъектҳои бахши ғайридавлатӣ сурат гирифта, аҳолӣ дар он ҳиссаи назаррас дорад: соли 2017 аҳолӣ дар майдони умумии 854 ҳазор метри мураббаъ манзил бунёд кардааст, ки ба 76 фоиз аз ҳаҷми умумӣ баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, соли 2017 дар саросари кишвар 64 мактаби таҳсилоти умумии нав бо қариб 19 ҳазор ҷойи нишаст, 13 бунгоҳи тиббӣ, 5 бемористон ва 8 муассисаи томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Дар маҷмӯъ соли 2017 ҳиссаи сохтмон дар ММД-и ҷумҳурӣ дар муқоиса бо соли 2016 – 1,9 фоиз, соли 2015 – 2,5 фоиз ва соли 2014 – 3,5 фоиз кам шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.