«Нолаи танбӯр» – қиссаи ба камол расидани навраси Аниса Собирӣ

Корҳои таҳияи филми «Нолаи танбӯр»-и Аниса Собирӣ, ки нахустнамоишаш баҳори соли равон дар назараст, дар арафаи анҷомёбист. Дар меҳмонии радиои «Азия-Плюс» коргардони боистеъдод ва шоира Аниса Собирӣ, ҳамчунин директори филм Исмоил Зебоӣ дар бораи филми навашон маълумот доданд. Мусиқии филмро Толиб Шаҳидӣ эҷод кардааст. Филми «Нолаи танбӯр» дар студияи «Тоҷикфилм» наворбардорӣ шуда, дар бораи ба […]

Asia-Plus

Корҳои таҳияи филми «Нолаи танбӯр»-и Аниса Собирӣ, ки нахустнамоишаш баҳори соли равон дар назараст, дар арафаи анҷомёбист.

Дар меҳмонии радиои «Азия-Плюс» коргардони боистеъдод ва шоира Аниса Собирӣ, ҳамчунин директори филм Исмоил Зебоӣ дар бораи филми навашон маълумот доданд. Мусиқии филмро Толиб Шаҳидӣ эҷод кардааст.

Филми «Нолаи танбӯр» дар студияи «Тоҷикфилм» наворбардорӣ шуда, дар бораи ба камол расидани навраси 12-сола аввали солҳои 90-ум ҳикоят мекунад.

Ин филми дуюми Аниса мебошад. Филми нахустини ӯ «Искупление» (Кафорат) тобистони соли 2017 дар доираи барномаи озмуни филмҳои кӯтоҳмуддат дар «Кинотавр»-и Русия намоиш дода шуд, ки замони таҳсилаш дар мактаби кинои Маскав ба навор гирифта шудааст.

Навори видеои мо дар бораи чӣ гуна таҳия шудани филми «Нолаи танбӯр».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.