Ба сокинони 9 деҳаи Тоҷикистон бори нахуст барқ дастрас мешавад. Бо кумаки Корея

spot_imgspot_img

Дата:

Агентии ҳамкории байнулмилалии Корея (KOICA) барои сохтмони шабакаҳои барқӣ ва беҳбуди сатҳи хизматрасонии тиббии аҳолии дараи Ромит ба сифати кумаки бебозгашт 6 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз дар Душанбе байни Вазорати мазкур, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва KOICA дар ин хусус санади дахлдор ба имзо расид.

Лоиҳа дар қаламрави нуҳ деҳаи дараи Ромит – Ғускеф, Пичеф, Қоқу, Девдара, Новаки поён, Новаки боло, Пушандоч, Вистан ва Дашти мазор амалӣ шуда, сокинони ин деҳаҳо бори нахуст ба нерӯи барқ ва хизматрасонии муосири тиббӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи лоиҳа як зеристгоҳи 110/10 киловолт ва беш аз 50 км хати интиқоли барқи 0,4 киловолт сохта шуда, трансформатор, низоми муосири назорат ва баҳисобгирии барқ насб ва ҳамчунин бунгоҳҳои тиббӣ бунёд мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.  

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...