Агентии омор: Қариб 30%-и аҳолии Тоҷикистон камбизоатанд

Тайи 10 соли охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 24,3 фоиз коҳиш ёфта, имрӯз ин сатҳ то ҳол қариб 30 фоиз боқӣ мемонад. «Соли 2017 сатҳи камбизоатӣ дар муқоиса бо соли 2016 – 1,4 фоиз поин рафта, 29,7 фоиз (соли гузашта – 30,3 фоиз)-ро ташкил дод», – гуфт зимни нишасти хабарӣ Гулнора Ҳасанзода, директори […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Тайи 10 соли охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 24,3 фоиз коҳиш ёфта, имрӯз ин сатҳ то ҳол қариб 30 фоиз боқӣ мемонад.

«Соли 2017 сатҳи камбизоатӣ дар муқоиса бо соли 2016 – 1,4 фоиз поин рафта, 29,7 фоиз (соли гузашта – 30,3 фоиз)-ро ташкил дод», – гуфт зимни нишасти хабарӣ Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки 10 сол пеш сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи 53,5 фоиз ба қайд гирифта шуда буд.

Бино ба маълумоти Агентӣ, музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар моҳи ноябри соли 2017 – 1174 сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо моҳи ноябри соли 2016 – 11,1 фоиз афзудааст. Айни замон музди меҳнати минималӣ 400 сомониро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати аз ҳама пасттарин моҳи декабри соли 2017 дар бахши кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал – 523,37 сомонӣ ва кормандони соҳаи моҳипарварӣ – 690,54 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Маоши аз ҳама баландтарин дар ин давра дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва коркарди конҳо – 2426,03 сомонӣ, сохтмон – 2214,59 сомонӣ ва бахшҳои электроэнергетика ва таъминот бо об – 1684,21 сомонӣ сабт гардидааст.

Дар соҳаи хизматгузорӣ аз ҳама зиёдтар кормандони соҳаи миёнаравии молӣ – 2927 сомонӣ, бахши нақлиёт, анбордорӣ ва алоқа – 2187 сомонӣ ва соҳаи муомилот бо амволи ғайриманқул ва фаъолияти тиҷоратӣ – 1533 сомонӣ маош гирифтаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.