Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи давлатӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди демократияро таъсис дод.
Ҷоизаи нав «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» ном дорад. Дар оинномаи он гуфта мешавад, он «барои саҳми арзанда дар рушди демократия, таҳкими сулҳу ризоият дар ҷомеа ва густариши дӯстӣ байни халқҳо» тақдим мегардад.
Ҷоиза аз нишони фахрӣ ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 125 ҳазор сомонӣ (беш аз 14 ҳазор доллар) иборат аст. Худи нишони фахрӣ низ аз металлҳои гаронбаҳо сохта шудааст.
Фармон дар ин бора таҳти №1001 аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 2 феврали соли равон ба имзо расид. Ҷоиза бар асоси қонуни конститусионӣ «"Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» таъсис дода шудааст.
Чӣ гуна ва аз ҷониби киҳо интихоб шудани номзадҳо ба довталабии ин ҷоиза алҳол маълум нест. Табиист, ки номзадҳо зиёд буда метавонанд. Мо ба Шумо пешниҳод мекунем, ки сари соҳиб шудани киҳо ба ин ҷоиза дар кишвар ба андеша равед.


