Боздошти «Кобра» – яке моҳиртарин дуздҳои Тоҷикистон

Ба гумони даст доштан дар як силсила дуздиҳо сокини 21-солаи маҳаллаи Испечаки шаҳри Душанбе Умарҷон Маҳмадиев боздошт шудааст, ки дар олами ҷиноӣ бо тахаллуси «Кобра» маъруф аст. Дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар робита ба ин маълумот менависад, дар ҷараёни корҳои тафтишотӣ муайян гардидааст, ки номбурда асосан ҷиноятҳои дуздиро шабона содир намуда, тирезаҳои […]

Asia-Plus

Ба гумони даст доштан дар як силсила дуздиҳо сокини 21-солаи маҳаллаи Испечаки шаҳри Душанбе Умарҷон Маҳмадиев боздошт шудааст, ки дар олами ҷиноӣ бо тахаллуси «Кобра» маъруф аст.

Дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар робита ба ин маълумот менависад, дар ҷараёни корҳои тафтишотӣ муайян гардидааст, ки номбурда асосан ҷиноятҳои дуздиро шабона содир намуда, тирезаҳои автомашинаҳои шаҳрвандонро ба воситаи «отвёртка» шикаста, маблағҳои пуливу тефонҳои мобилӣ ва дигар ашёи қимматнокро аз они худ мекардааст.

Гуфта мешавад, бори охир аввали моҳи феврал ӯ тирезаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», ки дар назди манзили истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсуми пойтахт беназорат меистод, шикаста аз дохили автомашина телефони мобилӣ, маблағҳои пулӣ ва видеорегистратору дигар ашёҳои арзишмандро дуздидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки номбурда дар содир намудани зиёда аз 30-лаҳзаи дигари ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи ӯ зиёда аз 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.