Пешпардохти 134 млн. доллар ба паймонкори кулли нерӯгоҳи Роғун

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2028 қарзҳояшро ба қарздиҳандагони хориҷӣ, ки вомбаргҳои давлатии Тоҷикистонро хариданд, пурра баргардонад. Маблағи аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматнок бадастомада дар ҳаҷми 500 млн. доллар ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун равона мегарданд. «Шурӯъ аз соли равон дар буҷети давлатӣ ҳамасола барои пардохти ин қарзҳо як маблағи муайян […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2028 қарзҳояшро ба қарздиҳандагони хориҷӣ, ки вомбаргҳои давлатии Тоҷикистонро хариданд, пурра баргардонад.

Маблағи аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматнок бадастомада дар ҳаҷми 500 млн. доллар ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун равона мегарданд.

«Шурӯъ аз соли равон дар буҷети давлатӣ ҳамасола барои пардохти ин қарзҳо як маблағи муайян пешбинӣ мешавад. Пурра баргардонидани ин қарзҳо бо фоизҳояш давоми солҳои 2025-2027 ба нақша гирифта шудааст», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, то соли 2025 ба қарздиҳандагон танҳо фоизҳо (7,1 фоизи солона) пардохта шуда, қарзи асосӣ се соли минбаъда (2025-2027) баргардонида мешавад.

Дар Вазорати молия қайд карданд, ки то имрӯз аз ҳисоби ин маблағҳо дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун наздики 200 млн. доллар истифода шудааст.

«Аз ин миқдор 134 млн. доллар ба паймонкори кулл пешпардохт шуда, наздики 65 млн. доллар бевосита ба иҷрои корҳои сохтмонӣ равона шуд», – илова карданд дар Вазорат.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли гузашта Тоҷикистон дар бозори байнулмилалии коғазҳои қиматнок ба маблағи 500 млн. доллар вобмрагҳои давлатиро фурӯхта, воситаҳои аз ин ҳисоб бадастомада ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона мегарданд. Вомбаргҳо аз ҷониби сармоягузорони ИМА (38%), Британияи Кабир (24%), кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (35%) ва Осиё (3%) харидорӣ шуданд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли равон доир мегардад. Дар ин бора роҳбари ширкати итолиёвии Salini Impregilo Пиетро Салини ба Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ӯ итминон дод. Ширкати мазкур аз моҳи октябри соли 2016 ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун машғул аст.

Чанде қабл вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар ин робита изҳор намуд, ки маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун айни замон дар доираи талаботи иншоот аз ҳисоби буҷет ва воситаҳои аз хориҷа ҷалбшуда амалӣ шуда, дар ин масъала ҳеҷ мушкилие ҷой надорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.