Тоҷикистон бозори алоқаро аз даст медиҳад

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳарчи бештар ба алоқа ва интернети Қирғизистон рӯ меоранд, чунки хеле арзону босифат ва босуръат аст. Дар ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон – вилояти Суғд ва қаламрави ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) аҳолӣ дарвоқеъ ҳам аз сим-кортҳои Қирғизистон истифода мекунад. Тибқи маълумоти ширкатҳои мобилии Қирғизистон, ки Радиои Озодӣ ба он истинод меоварад, шумори корбарони хадамоти мобилии […]

Меҳрангез ТУРСУНЗОДА, Asia-Plus

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳарчи бештар ба алоқа ва интернети Қирғизистон рӯ меоранд, чунки хеле арзону босифат ва босуръат аст.

Дар ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон – вилояти Суғд ва қаламрави ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) аҳолӣ дарвоқеъ ҳам аз сим-кортҳои Қирғизистон истифода мекунад. Тибқи маълумоти ширкатҳои мобилии Қирғизистон, ки Радиои Озодӣ ба он истинод меоварад, шумори корбарони хадамоти мобилии Қирғизистон аз ҳисоби муштариёни тоҷик аллакай ба 10 ҳазор нафар расидааст.

Бино ба гуфтаи Жумгалбек Омурканов, роҳбари шуъбаи реклама ва ҳамкории ширкати мобилии MegaCom, аз 10 ҳазор нафар муштариёни тоҷик бештарашон маҳз аз алоқаи ин ширкат истифода мебаранд.

Дар сомонаи ширкати мобилии «О!» дар қаламрави фарогир ҳамчунин қисмате аз вилояти Суғди Тоҷикистон низ шомил шудааст. Аммо дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» маъмури ширкати «О!» аз пешниҳоди маълумот дар бораи паҳншавии шабака дар қаламрави Тоҷикистон ва шумори муштариён худдорӣ намуд.

Чизе аз дастамон намеояд

Хадамоти алоқа мушкилотро дарк мекунад.

– Бинобар сабаби мавҷуд набудани хати сарҳади саҳеҳ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, фурӯхтани сим-кортҳо дар қаламрави ҷумҳурии мо осон аст, – мегӯяд як манбаъ аз Хадамоти алоқа. – Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар тамоми роҳи Овчӣ-Қалъача терминалҳои Қирғизистон насб шуда, тариқи онҳо пардохти пули алоқа хеле осон аст, вале санҷиши онҳо ғайримкон мебошад, зеро мо ҳуқуқ надорем, онҳо дар қаламрави Қирғизистон ҷойгир шудаанд.

Тарзи кор дар деҳоти наздимарзӣ маъмулӣ аст: ширкатҳои мобилӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ антенна насб намуда, як дилер ба номи худ якчанд сим-кор мехарад ва ба фурӯши онҳо дар деҳоти наздисарҳадӣ оғоз мекунад. Ҳамчунин ин дилер дар телефон тавозун (баланс) дорад, ки бо ёрии он метавонад ба муштариён пул гузаронида, худаш ҳам як маблағе кор кунад.

«Ин барои муштариён аз он ҷиҳат ҳам фоидаовар аст, ки дар деҳоти наздисарҳадӣ хешовандон дар ҳарду тарафи марз зиндагӣ мекунанд. Барои онҳо харидани телефон бо ду сим-корт ва гуфтугӯ бо тарифҳои дохилӣ бо хешовандон ҳам дар Қирғизистону ҳам дар Тоҷикистон қулайу бароҳат аст, то ки занги байнулмилалиро истифода накунанд», – гуфт як манбаъ аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои як манбаъ дар Хадамоти алоқа, фурӯши сим-кортҳои ширкатҳои Қирғизистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон мухолифи қонунгузории ҷумҳурӣ мебошад.

– Дар қаламрави ҷумҳурӣ танҳо оператороне, ки иҷозатнома доранд, ба фурӯш ҳуқуқ доранд, ки маълум аст, ширкатҳои қирғизӣ нестанд, – қайд кард манбаъ.

Таносуби нарху сифат

Шабакаи алоқаи Қирғизистон барои тоҷикистониён писанд аст. Он босифату арзон ва суръаташ хуб аст. Дар қаламрави Тоҷикистон навъи алоқаҳои 2 ва 3G-и онҳо роҳандозӣ шудааст.

Ширкати мобилии «О!» бо 390 сом ё 50 сомонӣ бо назардошти ҳамаи андозҳо 8 гигабайт интернет медиҳад. Дар ҳамаи тарифҳо имтиёз пешбинӣ шудааст – дастрасӣ (трафик)-и шабона бидуни маҳдудият пешниҳод мешавад.

MegaCom низ тарифҳои қулай дорад. Масалан, бо харидории бастаи интернети «Шаб-Рӯз» аз ширкат бо 180 сом ё 23 сомонӣ, шумо 6 гигабайт интернет мегиред. Дар ҳамин ҳол,  дар ин ҷо низ трафики шабона бемаҳдудият аст.

Илова бар ин, провайдерони Қирғизистон муштариёни худро бо аксияҳои гуногун ҷалб мекунанд ва ғайр аз ин, бисёре аз сомонахои аз ҷониби провайдерони Тоҷикистон дастрасиаш қатъшуда, дар ширкатҳои қирғизистонӣ боз мешаванд.

Дар мо чӣ гуна аст? Дар Суғд асосан ширкати Tcell фаъолият дорад, ки бо назардошти андозҳо барои 1 гигабайти интернет 33 сомонӣ мегирад. Қобили зикр аст, ки чунин арзишро Хадамоти зиддинҳисорӣ барои аксари ширкатҳои мобилии ватанӣ низ тасдиқ кардааст.

Дар баробари ин корбарони интернет дар Тоҷикистон доимо аз суръати пасти интернети ширкатҳои ватанӣ шикоят доранд. Ин ҷо сухан натанҳо сари танҳо вилояти Суғду як ширкати мушаххас меравад, балки ахиран суръати интернет ҳамзамон барои ҳама начандон хуб аст.

Аз беҳтаринҳо ба бадтарин?

Ҳанӯз соли 2010 Тоҷикистон аз лиҳози сатҳи рушди хизматгузориҳои мобилӣ байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зинаи аввалро ишғол мекард ва дар ин давраҳо аз рӯи сифату нарх ба ин гуна хизматгузориҳо бо Русия ва Украина рақобат мекард. Суръати афзоиши даромади ин соҳа то соли 2013 ҳамасола ба ҳисоби миёна 15% дар як солро ташкил медод. Лекин ду соли охир шабакаҳои фароҳамсози интернет ва операторони мобилӣ натиҷаҳоро бо зарар ҷамъбаст мекунанд, ки ин вазъ ҳатто замони буҳрони соли 2008 ба мушоҳида нарасида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.