Қатли марде баъди намоз дар Кӯлоб бо 15 зарбаи корд

Шоми рӯзи душанбе сокини 34-солаи шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Раҷабов кушта шуд. Дар ШВКД шаҳри Кӯлоб доир ба чӣ гуна содир шудани ин куштори бераҳмона хабар доданд. «Бародари кушташуда дар салафигароӣ айбдор дониста мешавад ва нисбати ӯ тафтишот ҷараён дорад. Сайидмаҳмуд Мирзоев, ҳамсояи Бахтиёри кушташуда дар ин мурофиа ба сифати шоҳид иштирок мекунад. Бахтиёр аз ин […]

Шоми рӯзи душанбе сокини 34-солаи шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Раҷабов кушта шуд. Дар ШВКД шаҳри Кӯлоб доир ба чӣ гуна содир шудани ин куштори бераҳмона хабар доданд.

«Бародари кушташуда дар салафигароӣ айбдор дониста мешавад ва нисбати ӯ тафтишот ҷараён дорад. Сайидмаҳмуд Мирзоев, ҳамсояи Бахтиёри кушташуда дар ин мурофиа ба сифати шоҳид иштирок мекунад. Бахтиёр аз ин огаҳӣ ёфта, бо ӯ вомехӯрад ва миёни онҳо муноқиша мешавад. Раҷабов Мирзоевро зарба мезанад. Ӯ ба хона омада, дар ин хусус ба писаронаш – Саидаъзами 32-сола ва Саидмуроди 17-сола хабар медиҳад. Онҳо тасмим мегиранд, ки қасоси падарашонро мегиранд», – гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Мирзоевҳо ба масҷид бо корд меоянд, ки ин «аз ҷинояти тарҳрезишуда гувоҳӣ медиҳад».

«Баъди намоз вақте ки одамон ба хонаҳояшон мераванд, бародарон Мирзоевҳо Раҷабовро фарёд карда, бародари хурдӣ Саидмурод нахуст ба гардани ӯ бо корд зарба мезанад ва дар идома Саидаъзам низ зарбаҳо мезанад. Дар маҷмӯъ онҳо ба ҳамсояашон 17 маротиба бо корд зарба мезананд. Бахтиёр Раҷабов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, бародарон мегурезанд», – илова кард манбаъ.

Дар шуъбаи ВКД қайд карданд, ки гумонбаршудагон дар ноҳияи Восеъ, дар хонаи холаашон пинҳон шуданӣ будаанд, лекин дар роҳ ба Восеъ боздошт шудаанд. «Боздошт шахсан бо иштироки сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб Субҳон Мирализода сурат гирифт», – гуфтанд дар шуъбаи милитсияи шаҳр.

Айни замон бародарон Мирзоевҳо дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Кӯлоб нигаҳдорӣ шуда, нисбати онҳо мувофиқи моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин модда ҷазои аз 15 то 20 соли маҳрумият аз озодӣ ё ҳукми ҳабси абад пешбинӣ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.