Аз сиёсат ба амал: Шабакаи ташкилотҳои ҳамкори таъмини устувор бо об ва беҳдошт дар Тоҷикистон

Бо дастгирии молиявии Раёсати Агентӣ оид ба рушд ва ҳамкории Швейтсария (SDC) ва дар машварат бо мақомоти дахлдори бахшҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти байналмилалии Оксфам дар Тоҷикистон нақша дорад то платформаи навбатии “Шабакаи ташкилотҳои ҳамкор оид ба Таъмини Оби Устувор ва Беҳдошт» – ро доир намояд. Шабака дар навбати худ, сиёсатҳои дастрасии беҳтар ба оби […]

Бо дастгирии молиявии Раёсати Агентӣ оид ба рушд ва ҳамкории Швейтсария (SDC) ва дар машварат бо мақомоти дахлдори бахшҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти байналмилалии Оксфам дар Тоҷикистон нақша дорад то платформаи навбатии “Шабакаи ташкилотҳои ҳамкор оид ба Таъмини Оби Устувор ва Беҳдошт» – ро доир намояд.

Шабака дар навбати худ, сиёсатҳои дастрасии беҳтар ба оби тоза, хизматрасониҳои санитарӣ, таҳияи моделҳои самарабахши идоракунии захираҳои об ва санитарияро дар ноҳияҳо ва деҳот пеш мебарад.

Чорабинии мазкур санаи 21-ми феврали соли 2018, бо иштироки роҳбарони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои дахлдори давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии сармоягузорон, ташкилот ва муассисаҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва баҳрабарандагон, яъне истеъмолкунандагони об, дар бинои меҳмонҳонаи Шератон баргузор мегардад. 

Шабакаи мазкур аллакай ҳамчун воситаи қудратии пайгиркунанда ва таъсиркунандае эътироф гардидааст, ки мушкилоти мавҷуда ва пайдошудаистодаи соҳаи обро равшан карда, ба мақомотҳои иҷроияи давлатӣ, сиёсатмадорон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушде, ки дар соҳаи таъмини об фаъолият доранд, имконият медиҳад, то дастовардҳо ва дарсҳои омӯхташуда, усулҳои устувории комилро, ки мутобиқ ба кишваранд, бо дигарон пешниҳод ва баррасӣ намоянд.

Шабака ба рушди қонунгузории миллӣ дар бораи оби нӯшокӣ  сахми назаррас карда, дар рафти машваратҳо барои муқаррар намудани нишондиҳандаҳои мақсаднок оид ба Об ва Тандурустӣ, дар соли 2013 нақши ҳалкунанда бозидааст. Ҳамчунин шабака дар сиёсати миллӣ, санадҳои меъерию ҳуқуқӣ (масалан, таҳияи методологияи миллӣ дар ҳисоб кардани тарифҳо барои об), низоми андозбандӣ, моликият ба системаҳои обтаъминкунӣ ва иҷозат барои сохтмон, саҳм гузоштааст.

Шабака аллакай як замина ва ё муҳити қарорқабулкунандаи  муштаракро фароҳам оварда, масъалаҳои таъмини обро, ки марбут ба резолютсияи ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", 2018-2028" аст, дастгирӣ мекунад.

Ташкилоти байналмилалии Оксфам, ҳамчун яке аз ташкилотҳои калидӣ дар масъалаҳои таъмини устувори об, ба баҳрабарандагон/истеъмокунандагони об имконият медиҳад, ки ҷомеаҳои фарогирро дар чунин платформаҳои қароркабулкунанда намоядагӣ карда,  ба мушкилиҳои мавҷуда равшанӣ андохта, фирку андешаи истеъмолкунандагони мардумро баррасӣ намоянд.

Дар давоми панҷ соли гузашта, Оксфам дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ)  дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Муминобод  ва шаҳри Кӯлоб, 7 (ҳафт) системаҳои обиро дар 10 маҳалҳои аҳолинишин сохта, ба истифода додааст, ки тақрибан 24,700 нафар (қариби 2,901 хонавода, 50% занон) бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин аст. Барномаҳо бо дарсҳои гигиена ва беҳдошт пурра шуда,  24,323 сокинон дар ҷомеаҳои ҳадафӣ ва мактаббачагон аз ин дарсҳо баҳра гирифтанд. Дар рафти лоиҳа 5 Ассотсиятсияи Кумитаи Об таъсис дода шуданд, ки бо Корхонаҳои Давлатии Фаръии Обтаъминкуни (Водоканал) ҳамкорӣ мекунанд. Илова бар ин, дар 8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 4 марказҳои тиббӣ, хоҷатхонаҳои замонавӣ сохта шуда ҷумакҳои оби ошомиданӣ васл шудааст.

Хонум Оламбӣ Латифова, Раиси Шӯрои Машваратии Ҷомеа аз ноҳияи Муъминобод мегуяд: Вақте имконияти дар чунин шабакаҳо иштирок кардан пайдо мешавад, фикру андешаҳои баҳрабарандагон/истеъмолкунандагони обро ба назар бояд гирифт ва қарор қабул кард. Танҳо мардуми ҷамоа, аз руи таҷрибаи худ, муайян карда метавонад, ки ин низому қарорҳо ба кор меоянд ё не, ва чаро ҳа ва чаро не.

Таърихи шабака: “Шабакаи ташкилотҳои Ҳамкор оид ба Таъмини Устувор бо Об ва Беҳдошт»моҳи ноябри соли 2009, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, таҳти роҳбарии муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Маблағгузории шабака аз тарафи раёсати Агентӣ оид ба рушд ва ҳамкории Швейтсария дастгирӣ ёфта, Оксфам хамчун пудратчии фаъол ва пешбарандаи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва Беҳдошт(ТоҷТоб)» мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.