Имзои беш аз 20 созишномаи нав зимни сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Зимни нахустин сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки даҳаи аввали моҳи март дар назар аст, имзои беш аз 20 созишномаҳои нави байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ миёни кишварҳо пешбинӣ мешавад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, созишнома дар бораи ҳузури бидуни раводиди шаҳрвандони кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар ба […]

Аваз Юлдошев

Зимни нахустин сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки даҳаи аввали моҳи март дар назар аст, имзои беш аз 20 созишномаҳои нави байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ миёни кишварҳо пешбинӣ мешавад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, созишнома дар бораи ҳузури бидуни раводиди шаҳрвандони кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар ба муҳлати то 1 моҳро метавон аз ҷумлаи қарордодҳои муҳим унвон кард. Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатӣ низ боз як созишномаи муҳим ба имзо расонида, ба масъалаи қитъаҳои баҳснок дар марзи давлатии ҳарду кишвар хотима мебахшанд.

Дар бораи аз ҷониби Ӯзбекистон додани қарзи имтиёзнок ба маблағи 100 млн. доллар, ки баҳри рушди ҳамкории сохторҳои тиҷоратии кишварҳо нигаронида шудааст, низ санади марбута ба имзо мерасад.

Ғайр аз ин, имзои созишномаҳо дар бахшҳои сохтмону коммуникатсия ва маблағгузории Ӯзбекистон ба сохтмони мактабу бемористон дар минтақаҳои Тоҷикистон низ ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардида, дар он намояндагони муваффақи тиҷорати кишварҳо иштирок мекунанд ва дар доираи кори ҳамоиш қарордодҳо ба имзо мерасанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 126 млн. долларро ташкил дода, аз Ӯзбекистон ба кишвари мо ба маблағи 69 млн. доллар молу маҳсулот ворид шуд. Ҳаҷми содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 57 млн. долларро ташкил дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.