Раиси нави Палатаи ҳисоб савганди садоқат ёд мекунад

Дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешниҳоди президент дар бораи таъини Қарахон Чиллазода ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагон хабар дод. То таъин шудан ба мансаби нав Қарахон Чиллазода ба ҳайси роҳбари Раёсати молияи вилояти Хатлон ифои вазифа мекард. То моҳи декабри […]

Наим Халимов

Дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешниҳоди президент дар бораи таъини Қарахон Чиллазода ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагон хабар дод.

То таъин шудан ба мансаби нав Қарахон Чиллазода ба ҳайси роҳбари Раёсати молияи вилояти Хатлон ифои вазифа мекард. То моҳи декабри соли 2016 ӯ ба сифати раиси шаҳри Сарбанд фаъолият дошт.

Раиси пешини Палатаи ҳисоб Фаррух Ҳамрализода моҳи январи соли равон бо фармони президент роҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таъин шуд.

Имрӯз баъди тасдиқи таъинот ба мансаб роҳбари нави Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода назди вакилони мардумӣ ба ватан ва хизмати давлатӣ савганди садоқат ёд мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.