Таҳияи 1 тонна бешбармоқ дар Бишкек барои Китоби рекордҳои Гиннес

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 5 март – дар Рӯзи "Ак калпак" ё кулоҳи қирғизӣ ва либоси миллӣ – як тонна бешбармоқ таҳия мекунанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Элнура Кулуева, таъсисдиҳандаи ин чорабинӣ, гуфтааст, ғизоҳои миллӣ дар майдони Ала-Тоо омода мешаванд. Гуфта мешавад, таъсисдиҳандагон намояндагони Китоби рекордҳои Гиннесро ба чорабинӣ даъват кардаанд. […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 5 март – дар Рӯзи "Ак калпак" ё кулоҳи қирғизӣ ва либоси миллӣ – як тонна бешбармоқ таҳия мекунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Элнура Кулуева, таъсисдиҳандаи ин чорабинӣ, гуфтааст, ғизоҳои миллӣ дар майдони Ала-Тоо омода мешаванд.

Гуфта мешавад, таъсисдиҳандагон намояндагони Китоби рекордҳои Гиннесро ба чорабинӣ даъват кардаанд. "Мо онҳоро даъват кардем, ҳоло масъалаи омаданашон баррасӣ мешавад", – гуфтааст Кулуева.

Вай илова намудааст, ки барои баргузории ин чорабинӣ одамони хайрхоҳ ва сокинон кумаки моддӣ мерасонанд. Таҳия кардани ғизо ду рӯзро дар бар мегирад.

Зимнан зикр мегардад, ки соли 2015 Остона бо таҳия кардани 736,5 кило бешбармак рекорд гузошта буд. Ҳамакнун Бишкек мехоҳад, он рекордро бишканад.

Дар ин чорабинӣ иштироки нахуствазир ва раиси парлумони кишвар, раиси шаҳри Бишкек ва сафирони 17 намояндагиҳои хориҷӣ дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.