Дар Тоҷикистон Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ боз шуд

Дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ – Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин маркази навтаъсис ҳангоми таҳдиди ҳамагуна хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон […]

Дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ – Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин маркази навтаъсис ҳангоми таҳдиди ҳамагуна хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он бо марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт пайваст мебошад.

Гуфта мешавад, Маркази идоракунӣ бо системаи навтарини алоқаи видеоконфронси пӯшида муҷаҳҳаз гардонида шуда, тавассути он интиқоли маълумоти электронӣ, идоракунии мустақими қушунҳо ва ташкили дигар амалиёти ҷангӣ имконпазир аст.

Тариқи ин марказ дар дигар манотиқи кишвар рафти машқҳо ва ё дигар ҳолати ба амал омада, бо пахши мустақим бе ягон мамоният тавассути маниторҳо назорат мегардад ва оид ба қарори қабулнамудаи маркази асосии идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ, фаъолияти мақомоти давлативу сохторҳои қудратӣ ба танзим дароварда мешавад.

Зикр мегардад, ки бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои нуқтаи асосии идоракунӣ дар марҳилаи дуюм таъсиси маркази системаи автоматикунонии идоракунии мудофиаи зиддиҳавоӣ, бунёд намудани нуқтаҳои идоракунӣ дар Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Раёсати Қушунҳои хушкигард, Қушунҳои зудамал ва наздики 10 нуқтаи идоракунии дигар дар қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳ пешбинӣ гардидааст.

Ба замми ин нуқтаҳои идоракунии сайёр низ ташкил ва ба Марказ пайваст мегарданд ва ин имкон медиҳад нуқтаҳои идоракунии сайёр ба таври фаврӣ ба мавзеву минтақаи муаянгардида интиқол ёбад ва ба идора намудани амалиёти ҷангӣ шурӯъ кунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.