Расидагии вакилон ба шикояти мардум аз маблағҳои зиёди барқпулӣ

Вакилони палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи имрӯза норозигии мардуми қариб тамоми минақаҳои кишварро ба роҳбари ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода расониданд. Ба гуфтаи вакилон Абдуҳалим Ғаффоров ва Саидҷаъфар Исмонов, як қисмати муайяни истифодабарандагони нерӯи барқ аз он шикоят доранд, ки ҳисобкунакҳои насбшуда ба талаботи меъёрҳо ҷавобгӯ набуда, нодуруст кор мекунанд: ҳолатҳое ҷой доранд, ки ҳисобкунакҳо […]

Вакилони палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи имрӯза норозигии мардуми қариб тамоми минақаҳои кишварро ба роҳбари ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода расониданд.

Ба гуфтаи вакилон Абдуҳалим Ғаффоров ва Саидҷаъфар Исмонов, як қисмати муайяни истифодабарандагони нерӯи барқ аз он шикоят доранд, ки ҳисобкунакҳои насбшуда ба талаботи меъёрҳо ҷавобгӯ набуда, нодуруст кор мекунанд: ҳолатҳое ҷой доранд, ки ҳисобкунакҳо истифодаи барқро аз миқдори ҳақиқиаш бамаротиб зиёд нишон медиҳанд.

«Оё ҳисобкунакҳои барқии ба кишвари мо воридшуда аз Чин ба меъёрҳои худи ин давлат ё ҳадди ақал ба меъёрҳои яке аз кишварҳои Африқо ҷавобгӯ бошанд?», – савол дод вакил Исмонов ба раиси ширкати «Барқи тоҷик».

Ба ҳамаи ин саволҳо Мирзо Исмоилзода посух дод, ки имрӯз дар саросари кишвар 1 млн. 300 истифодабарандагони барқ пурра бо ҳисобкунакҳо таъмин гардидаанд. Ӯ далели сабти нишондиҳандаи зиёди ҳисобкунакҳоро рад намуда, зикр кард, ки «арзу шикоятҳои расида аз ҷониби аҳолӣ ҳамеша санҷида мешаванд».

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров аз раиси ширкати «Барқи тоҷик» пурсид, ки чаро давра ба давра тарифҳо ба истифодаи нерӯи барқ дар кишвар зиёд мешаванд.

«Болоравии тарифҳои истифодаи барқ асосан ба он марбутанд, ки солҳои охир Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти низоми энергетикии ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 2 млрд. доллар қарз гирифта, барои баргардонидани маблағи қарз мо маҷбурем, ки тарифҳоро зиёд кунем», – посух дод Мирзо Исмоилзода.

Ёдрас мекунем, ки айни замон аҳолии Тоҷикистон барои истифодаи 1 киловатт/соат нерӯи барқ 16,85 дирам маблағ пардохт мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.