Баррасии фазои сармоягузории Тоҷикистон дар Брюссел

Дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия дар мавзӯи «Фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур соҳибкорони аврупоӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва намояндагони дигар кишварҳо ширкат варзиданд. Мақсади асосии мизи мудаввар муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия дар мавзӯи «Фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур соҳибкорони аврупоӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва намояндагони дигар кишварҳо ширкат варзиданд.

Мақсади асосии мизи мудаввар муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ буд. Дар кори он муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо рӯнамо баромад намуда, ҳозиринро бо имкониятҳои кишвар дар самти энергетика, кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ шинос намуд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, ки барои сайёҳони аврупоӣ ва сайёҳони дигар кишварҳо шароити мусоид фароҳам овардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.