Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

0
4
TJ-1

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8241 сомонӣ;

1 евро – 10.8492 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1548 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2003 – Бо фармони президенти ҶТ дар ҷумҳурӣ давраи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандон муқаррарар гардид.

2012 — Зимни мулоқот бо намояндагони ВАО бахшида ба 100-умин солгарди нашри шумораи нахусти газетаи тоҷикии «Бухорои шариф» президент пешниҳод кард, ки ҷазо барои туҳмат сабуктар карда шавад.

2013 — Пас аз таъмиру азнавсозӣ президент ба фаъолияти автовокзали марказии Душанбе ҳусни оғоз бахшид.

1910 – Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Шариф Бобокалонов.

1938 – Мавлуди олим-муаррих Зоҳирбой Воситов.

1938 — Зодрӯзи олими таърихшинос Юсуф Раҳимов.

1959 — Мавлуди нависанда, коргардон Гулбаҳор Мирзоева.

1959 – Зодрӯзи Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

1960 – Мавлуди адиб, доктори улуми филология Салими Хатлонӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон меборад, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борону барф дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +5+10.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +15+20; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +10+15.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2+3, рӯзона +4+9; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона -1+4.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон меборад, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борону барф, раъду барқ дар назар аст. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +18+20.   

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +7+9.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь