Гўшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Интурмаркет» муаррифӣ мегардад

Имрӯз дар Маҷмааи намоишгоҳҳои «Крокус Экспо»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Интурмаркет-2018» ифтитоҳ гардид. Чи тавре, ки дар Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, он то санаи 12 март давом мекунад. Дар намоишгоҳи имсола гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ зери шиори «Тоҷикистон – боми ҷаҳон» таҳти сарпарастии президенти Федератсияи […]

Имрӯз дар Маҷмааи намоишгоҳҳои «Крокус Экспо»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Интурмаркет-2018» ифтитоҳ гардид. Чи тавре, ки дар Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, он то санаи 12 март давом мекунад.

Дар намоишгоҳи имсола гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ зери шиори «Тоҷикистон – боми ҷаҳон» таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муаррифӣ менамоянд.

Намоишгоҳи мазкур дар майдони 2800 метри мураббаъ бо иштироки 1430 ширкатҳои сайёҳӣ, 78500 иштирокчӣ аз 143 кишвар дар назар дошта шудааст.

Ҳадаф аз иштирок дар намоишгоҳи мазкур муаррифии шоистаи захираҳо ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон аз Федератсияи Россия ва дигар мамлакатҳо мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки зери сиёсати хирадмандонаи пешвои муаззами миллат, сайёҳӣ ҳамчун бахши муҳиму ояндадори иқтисоди миллӣ аҳамияти тоза касб намуда, тавассути иштирок дар намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ симои Тоҷикистон ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои имкониятҳои бойи сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ устувор шуда, таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон пайваста зиёд мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.