Тамринҳои низомии бузургмиқёс дар ҷануби Тоҷикистон

Дар қаламрави панҷ машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон тамринҳои бузургмиқёси маҷмӯавии фаврии тактикӣ ҷараён дорад, ки аз ҷониби Ситоди куллии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ташкил шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, тамринҳои низомии мазкур аз 6 март оғоз гардида, то 14 март идома меёбанд. «Дар он намояндагони сохторҳои қудратии […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар қаламрави панҷ машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон тамринҳои бузургмиқёси маҷмӯавии фаврии тактикӣ ҷараён дорад, ки аз ҷониби Ситоди куллии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ташкил шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, тамринҳои низомии мазкур аз 6 март оғоз гардида, то 14 март идома меёбанд.

«Дар он намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ аз ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, кормандони мақомоти давлатии кишвар, сарбозону афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия иштирок мекунанд», – иброз дошт вай.

Ба гуфтаи ӯ, тамринҳои мазкур бо иштироки наздики 40 ҳазор нафар дар машқгоҳҳои «Лоҳур», «Сумбула», «Момирак», «Ҳарбмайдон» ва «Ҳалқаёр» баргузор гардида, ба онҳо ҳудуди 1 ҳазор адад техникаи зиреҳпӯш, автомобилҳо, артиллерия ва 40 адад технкаи авиатсионӣ сафарбар шудааст.

Ба қавли Маҳмадализода, дар марҳилаи хотимавии тамринҳо ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия ҳузур хоҳанд дошт.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни тамринҳо низомиёни Тоҷикистону Русия тарзи амали муштаракро зимни ба вуҷуд омадани хатар дар сарҳадҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди омӯзишу таҷриба қарор медиҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.