Кӣ зиёдтар маош мегирад? Маоши миёна дар кишварҳои ҷаҳон

Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) ва Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) барои муайян кардани музди меҳнати миёнаи одамон дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон дар соли 2017 омори миллии кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ намуданд. Миёни 157 кишвари дунё Тоҷикистон бо музди меҳнати миёнаи 110 доллари ИМА зинаи 132-юмро ишғол намуд, хабар медиҳад Muhojir.news.tj. Бино ба натиҷаҳои таҳқиқот, ба […]

Muhojir.news.tj

Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) ва Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) барои муайян кардани музди меҳнати миёнаи одамон дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон дар соли 2017 омори миллии кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ намуданд. Миёни 157 кишвари дунё Тоҷикистон бо музди меҳнати миёнаи 110 доллари ИМА зинаи 132-юмро ишғол намуд, хабар медиҳад Muhojir.news.tj.

Бино ба натиҷаҳои таҳқиқот, ба сегонаи маоши баландтарин Швейтсария – 3855 доллар, Норвегия – 3781 доллар ва Люксембург – 3565 доллар шомиланд. Бо маоши миёнаи 2100 доллар Кореяи Ҷанубӣ дар зинаи 24-ум ҷойгир аст.

Миёни кишварҳои узви ИДМ маоши миёнаи баландтарин – 615 доллар дар Русия пардохта мешавад, ки дар мақоми 69-ум қарор дорад. Қазоқистон бо маоши миёнаи 480 доллар – зинаи 85, Ӯзбекистон бо маоши миёнаи 235 доллар – зинаи 118, Қирғизистон бо маоши миёнаи 220 доллар – мақоми 122 ва Тоҷикистон бо музди меҳнати миёнаи 110 доллар – зинаи 132-юмро ишғол кардаанд.

Дар мақоми охирини рейтинг Зимбабве қарор дорад, ки музди меҳнати миёна дар ин кишвар ҳамагӣ ба 21 доллар баробар аст. Ҳамчунин кишварҳои Конго, Малави ва Тимори Шарқӣ низ дар мақомҳои охири рейтинг ҷойгир шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.