Авҷи ихтилоф: манъи парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба Тоҷикистон

Тоҷикистон аз 2 апрел як қатор иҷозатномаҳои парвоз ба Душанбе ва Хуҷандро аз минтақаҳои Русия аз 5 ширкати русиягӣ: "Уралские авиалинии", UTair, "Сибир", "Северний ветр" ва "Глобус" бозхонд мекунад, ки ба 11 хатсайри ҳавоӣ миёни кишварҳо дахл хоҳад дошт. Дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин тадбирҳои маҷбурии ҷавобӣ ба қарори […]

Asia-Plus

Тоҷикистон аз 2 апрел як қатор иҷозатномаҳои парвоз ба Душанбе ва Хуҷандро аз минтақаҳои Русия аз 5 ширкати русиягӣ: "Уралские авиалинии", UTair, "Сибир", "Северний ветр" ва "Глобус" бозхонд мекунад, ки ба 11 хатсайри ҳавоӣ миёни кишварҳо дахл хоҳад дошт.

Дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин тадбирҳои маҷбурии ҷавобӣ ба қарори Росавиатсия дар бораи манъи парвозҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба Русия ба 11 самт аст.

Бино ба иттилои манбаъ, парвози ҳавопаймоҳои 5 ширкати Русия – "Уралские авиалинии", UTair, "Сибир", "Северний ветр" ва "Глобус" тариқи 11 хатсайр аз Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон манъ мешавад.

Рӯзи 3 апрел ҳайати Тоҷикистон ба Маскав раҳсипор мешавад, то ки бо мақомоти авиатсионии Русия ҷиҳати ҳалли мушкилоти бамиёномада гуфтушунид гузаронад. Ба ҷуз намояндагони мақомоти авиатсионӣ, ба ин ҳайат ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва адлияи ҷумҳурӣ низ шомиланд.

Аз ҷумла, мақомоти авиатсионии Тоҷикистон иҷозатномаҳои парвозро ба Душанбе – аз Екатеринбург, Новосибирск, Иркутск, Краснодар, Красноярск, Санкт-Петербург, Самара ва ба Хуҷанд – аз Новосибирск, Санкт-Петербург, Самара ва Сургут бозхонд мекунанд.

Рӯзи 1 апрел ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бораи аз 31 март манъ шудани парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба як қатор хатсайрҳои ба Русия изҳорот мунташир намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.