Ҷашни Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ ҷашн гирифта шуд. Дар тамоми муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ Рӯзи дарҳои кушод доир гардида, сокинони ҷумҳурӣ имкон пайдо карданд, ки бепул аз муоинаи тиббӣ гузашта, аз табибони соҳаҳои гуногун машварат гиранд. Ёдрас мекунем, ки Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ (World Health Day) ҳамасола санаи 7 апрел – дар рӯзи таъсиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ […]

Акмал МАННОНОВ, Парвиз ТУРСУНОВ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ ҷашн гирифта шуд.

Дар тамоми муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ Рӯзи дарҳои кушод доир гардида, сокинони ҷумҳурӣ имкон пайдо карданд, ки бепул аз муоинаи тиббӣ гузашта, аз табибони соҳаҳои гуногун машварат гиранд.

Ёдрас мекунем, ки Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ (World Health Day) ҳамасола санаи 7 апрел – дар рӯзи таъсиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (World Health Organization, WHO) дар соли 1948 ҷашн гирифта мешавад.

Аз он замони таърихӣ 194 кишвари саросари дунё ба узвияти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пазируфта шуданд. Имсол ин чорабинӣ зери шиори «Солимӣ барои ҳама» гузаронида мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.    

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.