Ҳамоиши тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар дар Тоҷикистон

Ҳамоиши тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Дарвозу Варзоб таҳти унвони «Якҷо Тоҷикистонро ба сарзамини сайёҳии экологӣ табдил медиҳем»…. Зери ҳамин шиор бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тозакунии мавзеъҳои сайёҳгузар аз ҷумла, Панҷакенти қадима”, шаҳри қадимаи “Карон” ва минтақаи истироҳатии Варзоб […]

Иттилоияи расмӣ

Ҳамоиши тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Дарвозу Варзоб таҳти унвони «Якҷо Тоҷикистонро ба сарзамини сайёҳии экологӣ табдил медиҳем»….

Зери ҳамин шиор бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тозакунии мавзеъҳои сайёҳгузар аз ҷумла, Панҷакенти қадима”, шаҳри қадимаи “Карон” ва минтақаи истироҳатии Варзоб дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Дарвозу Варзоб бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва донишҷӯёни бахшҳои сайёҳӣ баргузор гардид.

Иқдоми мазкур ба хотири омодагиҳо ба мавсими нави сайёҳӣ ва чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, ки давоми соли 2018 дар ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, роҳандозӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки  сайёҳии экологӣ ё худ экотуризм чунин фазое эҷод мекунад, ки ҳангоми ҳифзи муҳити атроф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ василаи муҳими даромади иқтисодӣ ба аҳолии маҳаллӣ мегардад.

Иқтидори сайёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бемаҳдуд буда, бо таъсиси инфрасохтори зарурӣ имконият фароҳам меояд, ки гӯшаҳои нодири табиӣ барои сайёҳон дастрас шаванд.

Ташаббуси саҳмгузорӣ дар корҳои тозагӣ, озода намудани мавзеъҳои сайёҳгузар, ҳамчунин бурдани корҳои тарғиботӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.