Ҳалокати 257 кас бар асари садамаи ҳавопаймо дар Алҷазоир

Date:

Дар пайи суқути ҳавопаймои артиши Алҷазоир рӯзи 11 апрел дастикам 257 нафар ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар дохили ҳавопаймое, ки дар наздикии фурудгоҳи Буфарик суқут кардааст, низомиён ҳузур доштанд. Дар миёни қурбониҳо инчунин 26 узви ҷабҳаи Полисарио буданд.

Гуфта мешавад, ин гурӯҳи низомӣ барои истиқлолияти Саҳрои Ғарбӣ аз Марокаш мубориза бурдааст. Ҳавопаймо чанд лаҳза баъди баланд шудан аз фурудгоҳи низомии Буфарик суқут кард.

Як хабаргузории расмӣ гуфтааст, ки ҳавопаймои сохти шӯравии Ил-76 ба самти шаҳри Башор, воқеъ дар ҷанубу ғарби Алҷазоир ҳаракат мекард. Феълан сабаби суқути ҳавопаймо маълум нест.

Зимнан зикр мегардад, ки Буфарик дар фосилаи 30-километрии пойтахт, шаҳри Алҷазоир ҷойгир аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...