Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои узви СҲИ дар Душанбе

Дар Душанбе ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) доир мегардад. Дар ҷаласа баррасии масоили марбут ба ҷараёни амалисозии созишномаҳои баимзорасида байни кишварҳо дар доираи Созмон, иҷрои лоиҳа ва барномаҳои СҲИ, фаъолияти агентиҳои махсус ва мақомоти Созмон, пешрафт ва арзёбии иҷрои ҳадаф ва вазифаҳои зикршуда дар санади «Дурнамои СҲИ 2025», […]

Asia-Plus

Дар Душанбе ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) доир мегардад.

Дар ҷаласа баррасии масоили марбут ба ҷараёни амалисозии созишномаҳои баимзорасида байни кишварҳо дар доираи Созмон, иҷрои лоиҳа ва барномаҳои СҲИ, фаъолияти агентиҳои махсус ва мақомоти Созмон, пешрафт ва арзёбии иҷрои ҳадаф ва вазифаҳои зикршуда дар санади «Дурнамои СҲИ 2025», қабули Барномаи нави СҲШ дар бораи мусоидат ба Афғонистон ва ҳамчунин масъалаҳои маъмурӣ ва молиявии СҲИ дар назар аст.

Дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ рӯзҳои 16-17 апрел дар «Боғи Ирам» Намоишгоҳи хунарҳои мардумии кишварҳои узви Созмон баргузор мешавад.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ – ташкилоти байнидавлатии иқтисодии  минтақавӣ  ба шумор  рафта,  онро  соли  1985  Эрону Покистон ва Туркия бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узви Созмон таъсис доданд.

Имрӯз Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аъзои СҲИ мебошанд. Котибот ва шуъбаи фарҳанги Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон, дафтари иқтисоди он дар Туркия ва дафтари илмии он дар Покистон воқеъ аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст