Ба сайёҳони Ҳиндустон боздид аз Тоҷикистон тавсия мешавад

Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ширкатҳои сайёҳии бонуфузи ҷаҳон ба имкониятҳои сайёҳии кишвар бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва як қатор ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва ширкатҳои бузурги сайёҳии Ҳиндустон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур президенти Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон (IATO) Пранаб Саркар ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон бо […]

Иттилоияи расмӣ

Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ширкатҳои сайёҳии бонуфузи ҷаҳон ба имкониятҳои сайёҳии кишвар бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва як қатор ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва ширкатҳои бузурги сайёҳии Ҳиндустон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур президенти Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон (IATO) Пранаб Саркар ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон бо шумули “Перфект Трейвлз”,  “Инкрейбл Индия”,  “Мера трейвлз”, “Едванча волд” ва дигарон ҳузур доштанд.

Зимни суханронӣ раиси Кумита иброз дошт, ки имтиёзҳое, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Раҳмон дар соҳаи сайёҳӣ дар кишвар роҳандозӣ шуд, имконияти фарохеро ба соҳибкорон ва ширкатҳои сайёҳӣ фароҳам оварда, дар самти густариши ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии кишварҳои олам низ заминаи мусоид ба вуҷуд меорад.

Ҷонибҳо аз имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон сухан гуфта, тартиби ҳамкориро дар ин самт баррасӣ намуданд. Кушода шудани хатсайри дуюми ширкати ҳавопаймоии ватании “Тоҷик Эйр” ба самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе ва баргузории форуми намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Ҳиндустон дар шаҳрҳои Душанбе ва Деҳлӣ аз нуктаҳои муҳими мулоқоти мазкур ба шумор меравад.

Тавре президенти ширкати сайёҳии “Перфект трейвлз” Раҷ Баҷаҷ иброз дошт, танҳо соли гузашта 23 млн нафар аз Ҳиндустон ба кишварҳои мухталифи олам ҳамчун сайёҳ сафар кардаанд. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон иброз намуданд, ки минбаъд ба сайёҳон боздид аз Тоҷикистонро тавсия хоҳанд дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.