Машваратҳои байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия дар Душанбе

Date:

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳафтаи сипаришуда даври сеюми машваратҳои байни Вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба мушкилоти муқовимат бо терроризми байнулмилалӣ доир гардид.

Ҳайати Тоҷикистонро дар машваратҳо муовини вазири корҳои хориҷӣ Зоҳид Саидзода ва ҳайати Русияро муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Олег Сиромолотов роҳбарӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот масъалаҳои муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ, тундгароии байнулмилалӣ ва мушкилоти марбут ба террористон-ҷангиёни хориҷӣ, аз ҷумла зодагони Осиёи Марказӣ дар партави «омили Афғонистон» баррасӣ шуданд.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин атрофи масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар самти мубориза бо терроризм дар чаҳорчӯби СММ, СҲШ ва СААД табодули назар сурат гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related