Намояндаи Тоҷикистон байни пешвоёни ҷавони Департаменти давлатӣ

Департаменти давлатии ИМА 10 нафар ҷавонони пешворо қадрдонӣ кард, ки байни онҳо донишҷӯи 22-солаи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Фирӯз Ёғбеков низ ҳузур дорад. Дар маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ИМА гуфта мешавад, “бо эътироф аз нақши мусбат дар бунёди сулҳи устувор, Департаменти давлатӣ ҷавонони пешворо қадрдонӣ менамояд”. Маросими ҳамасолаи тақдими ҷоизаҳои “Пешвоёни ҷавон” […]

Департаменти давлатии ИМА 10 нафар ҷавонони пешворо қадрдонӣ кард, ки байни онҳо донишҷӯи 22-солаи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Фирӯз Ёғбеков низ ҳузур дорад.

Дар маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ИМА гуфта мешавад, “бо эътироф аз нақши мусбат дар бунёди сулҳи устувор, Департаменти давлатӣ ҷавонони пешворо қадрдонӣ менамояд”.

Маросими ҳамасолаи тақдими ҷоизаҳои “Пешвоёни ҷавон” рӯзи чоршанбеи ҳафтаи гузашта, 2 май дар Вашингтон баргузор шуд.

Имсол ҷоиза ба 10 нафар ҷавонон аз кишварҳои гуногун “барои талошҳои шарикона дар таҳкими сулҳ ва пешбурди рушди иқтисод ва имконоти нав” тақдим гардид.

Миёни 10 нафар пешвоёни ҷавон донишҷӯи курси сеюми факултаи иқтисодии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистн Фирӯз Ёғбеков низ ҳузур дорад.

Гуфта мешавад, ин ҷавонон то 12 май дар барномаи махсус оид ба тавсеъаи имконоти раҳбарии онҳо, донишҳояшон дар бораи стратегияҳои идоракунӣ дар бахшҳои ғайритиҷоратӣ, давлатӣ ва хусусӣ, омӯзиш ва табодули таҷриба, ҳамчунин густариши захираҳои шабакавӣ ва дастгирӣ иштирок мекунанд.

“Дар барнома омӯзиши малакаҳои густариши ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои глобалии марбут ба ҷавонон, бахусус саҳмгузор дар бунёди сулҳу мубориза бо ифротгароӣ, тавсеъаи ҳуқуқу имконоти ҷавонон пешбинӣ шудааст”, – таъкид мешавад дар маълумот.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.