Машваратҳои байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия дар Душанбе

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳафтаи сипаришуда даври сеюми машваратҳои байни Вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба мушкилоти муқовимат бо терроризми байнулмилалӣ доир гардид. Ҳайати Тоҷикистонро дар машваратҳо муовини вазири корҳои хориҷӣ Зоҳид Саидзода ва ҳайати Русияро муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Олег Сиромолотов роҳбарӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон. Гуфта мешавад, зимни […]

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳафтаи сипаришуда даври сеюми машваратҳои байни Вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба мушкилоти муқовимат бо терроризми байнулмилалӣ доир гардид.

Ҳайати Тоҷикистонро дар машваратҳо муовини вазири корҳои хориҷӣ Зоҳид Саидзода ва ҳайати Русияро муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Олег Сиромолотов роҳбарӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот масъалаҳои муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ, тундгароии байнулмилалӣ ва мушкилоти марбут ба террористон-ҷангиёни хориҷӣ, аз ҷумла зодагони Осиёи Марказӣ дар партави «омили Афғонистон» баррасӣ шуданд.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин атрофи масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар самти мубориза бо терроризм дар чаҳорчӯби СММ, СҲШ ва СААД табодули назар сурат гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.