Пешниҳоди пайи ҳам се навбат муҳлати президентии Русия

Парлумони Чеченистон омода аст, ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро пешниҳод кунад. Ахиран ин масъала дар Шӯрои парлумони Чеченистон баррасӣ шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин лоиҳа пешниҳод шудааст, ки як шаҳрванд ҳаққи се давра пайи ҳам президенти Русия интихоб шуданро дошта бошад. Гуфта мешавад, моҳи апрели […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Парлумони Чеченистон омода аст, ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро пешниҳод кунад. Ахиран ин масъала дар Шӯрои парлумони Чеченистон баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин лоиҳа пешниҳод шудааст, ки як шаҳрванд ҳаққи се давра пайи ҳам президенти Русия интихоб шуданро дошта бошад.

Гуфта мешавад, моҳи апрели соли ҷорӣ Рамзан Қодиров, роҳбари Чеченистон гуфт, барои Русия ҷойгузине ҷуз Владимир Путин вуҷуд надорад. Қодиров гуфт, набояд муҳлати сари қудрат мондани Путин маҳдуд шавад.

"Қонунро кӣ эҷод кардааст? Конститутсияро кӣ? Мардум! Агар ба нафъи мардум бошад, чаро мо тағйирот ворид карда наметавонем? Ман аз номи худам мегӯям: мо ҳатто набояд иҷозати Путинро пурсем! Мардум, Шӯрои Федератсия, Думаи давлатӣ, дигар ниҳодҳои давлатӣ бояд ташаббус нишон диҳанд ва чунин қароре қабул кунанд", – гуфт Қодиров.

Владимир Путин аз соли 2000 ба ин тараф дар курсии роҳбарии Русия нишастааст. Бори аввал вай моҳи майи соли 2000-ум президент интихоб шуд ва ду давра – то соли 2008 президентӣ кард. Аз соли 2008 то 2012 сарвазир буд ва аз 2012 то имрӯз дар курсии президентӣ нишастааст.

Дар аҳди Путин ба қонунҳо тағйироте ворид шуд, ки бар асоси он як шаҳрванд ҳақ пайдо кард, то ду давраи 6-сола сари қудрат бошад. 7 майи соли ҷорӣ Путин бори чаҳорум ба ҳайси президенти Русия савганд ёд кард. Вай то соли 2024 сари қудрат хоҳад буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.