Кумаки техникии Барномаи рушди СММ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Барномаи рушди СММ имрӯз ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон баҳри таҳкими имконоти он кумаки техникӣ тақдим намуд, ки маблағи умумии он 1 млн. 650 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ба Кумита 3 трактору булдозери зарурӣ барои рафъи оқибатҳои офатҳои табӣ, 18 адад қаиқҳои муҳаррикдор, 3-тогӣ ҳавопаймо ва чархболҳои бесарнишин (дрон), ҳамчунин […]

Asia-Plus

Барномаи рушди СММ имрӯз ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон баҳри таҳкими имконоти он кумаки техникӣ тақдим намуд, ки маблағи умумии он 1 млн. 650 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Ба Кумита 3 трактору булдозери зарурӣ барои рафъи оқибатҳои офатҳои табӣ, 18 адад қаиқҳои муҳаррикдор, 3-тогӣ ҳавопаймо ва чархболҳои бесарнишин (дрон), ҳамчунин таҷҳизоти электронӣ барои дарёфти қурбониҳои ҳодисаҳои фоатҳои табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ дар зери об, барф ва ярчу тармафароиҳо супурда шуд.

Қисмати зиёди таҷҳизоту техника ба Маркази наҷотбахшии Кумита тақдим гардид, ки бевосита чунин корҳоро ба анҷом мерасонад. Ин таҷҳихоту техника ба наҷотдиҳандагони тоҷик ҷиҳати саҳеҳан муайян кардани макони ҳолати фавқулода ва шумори қурбониёни офатҳои табиӣ имкон фароҳам месозад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст