Нахустин изҳороти Юлия Скрипал баъди заҳролудшавӣ

Юлия Скрипал, духтари корманди пешини мақомоти иктишофии Русия Сергей Скрипал, ки ҳамроҳи падараш дар Бритониё заҳролуд шуданд, гуфтааст, мехоҳад, дар "ояндаи дур" ба ватан баргардад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Reuters, ин нахустин изҳороти Юлия Скрипал баъд аз заҳролудшавӣ аст. Скрипал изҳор доштааст, ки шифоёбӣ пас аз ҳамлаи сахти […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Юлия Скрипал, духтари корманди пешини мақомоти иктишофии Русия Сергей Скрипал, ки ҳамроҳи падараш дар Бритониё заҳролуд шуданд, гуфтааст, мехоҳад, дар "ояндаи дур" ба ватан баргардад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Reuters, ин нахустин изҳороти Юлия Скрипал баъд аз заҳролудшавӣ аст.

Скрипал изҳор доштааст, ки шифоёбӣ пас аз ҳамлаи сахти заҳрогин "хеле тӯлонӣ ва дардовар аст". Ӯ беҳбуди саломатии худу падарашро "комёбии бузург" номид. Вай афзудааст, ки аз номи ӯву падараш ҳеч кас сухан нахоҳад гуфт ва аз сафорати Русия низ дархости кумак нахоҳанд кард.

Падару духтар Скрипалҳо 4 марти имсол аз гази фалаҷкунандаи асаб – "Новичок" – заҳролуд шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд. Онҳо муддати тӯлонӣ дар ҳолати бӯҳронӣ қарор доштанд, вале сипас ҳолашон беҳ шуда, аввал Юлия ва сипас падараш ба ҳуш омаданд. Дар ҳоли ҳозир, макони будубоши афсари пешини русу духтараш номаълум аст.

Мақомоти Бритониё мегӯянд, Скрипалҳо аз маводе заҳролуд шуданд, ки донишмандони шӯравӣ кашф кардаанд. Ба иттилои хадамоти махсуси Бритониё, маводи мазкур дар Русия истеҳсол шудааст. Вале Москва ин иддаоро рад мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Мукофоти озмун 15 ҳазор сомонӣ аст ва моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.