Хуҷандии падаркуш: «Падарам дигар барнамегардад, аз ҷазои ба ман таъиншуда чӣ суд?»

Чунин буданд суханони гуфтаи сокини 29-солаи шаҳри Хуҷанд Илҳом Ғафуров, ки барои қатли падараш ба 14 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» раиси суди шаҳри Хуҷанд Шарифзода Мавҷуда Раҷабӣ хабар дод, ин ҳодисаи фоҷеабор 21 феврали соли равон рух дод: маҳкумшуда дар ҳолати мастӣ бо падари 60-солааш Иброҳим Ғафуров, ки низ дар […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Чунин буданд суханони гуфтаи сокини 29-солаи шаҳри Хуҷанд Илҳом Ғафуров, ки барои қатли падараш ба 14 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» раиси суди шаҳри Хуҷанд Шарифзода Мавҷуда Раҷабӣ хабар дод, ин ҳодисаи фоҷеабор 21 феврали соли равон рух дод: маҳкумшуда дар ҳолати мастӣ бо падари 60-солааш Иброҳим Ғафуров, ки низ дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор дошт, ба муноқиша пардохта, бо курсӣ падарро мавриди латукӯб қарор медиҳад, ки дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳатҳои сершумори ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, ҷасадаш субҳи рӯзи дигар дарёфт шуд.

Ба гуфтаи номбурда, дар хонае, ки ин ҳодиса рух дод, дар як ҳавлӣ боз се писари дигари Иброҳим Ғафурови кушташуда бо оилаҳои худ зиндагӣ дошта, ҳамсари маҳкумшуда назди волидонаш рафтааст ва модари хонадон соли 2017 даргузашта буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Мукофоти озмун 15 ҳазор сомонӣ аст ва моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.