Як донааш ҳазор сомонӣ: кӣ дар Тоҷикистон гулҳои гаронтаринро парвариш мекунад

Замоне агар дар хотиратон бошад, аз Белгия ба ҷумҳурӣ дарахтону гулҳо меоварданд. Мо бо ошуфтагӣ ҳисобу китоб мекардем, ки барои онҳо чӣ қадар маблағ сарф шуда бошад. Акнун барои ин зарурат намонд – боғпарваре дорем, ки кабудизоркунӣ (сабзгардонӣ)-и саросари кишварро танҳо бо нерӯи худ ният дорад. Дар гузориши нави лоиҳаи «Салом, соседи!» (Салом, ҳамсояҳо) мо […]

Дилшод Раҳмонов, махсус барои Asia-Plus

Замоне агар дар хотиратон бошад, аз Белгия ба ҷумҳурӣ дарахтону гулҳо меоварданд. Мо бо ошуфтагӣ ҳисобу китоб мекардем, ки барои онҳо чӣ қадар маблағ сарф шуда бошад. Акнун барои ин зарурат намонд – боғпарваре дорем, ки кабудизоркунӣ (сабзгардонӣ)-и саросари кишварро танҳо бо нерӯи худ ният дорад.

Дар гузориши нави лоиҳаи «Салом, соседи!» (Салом, ҳамсояҳо) мо шуморо бо профессори фахрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Ҳоҷинеъмат Усмонов шинос карданием, ки натанҳо растаниҳои нодири кишвар, балки гаронтарини онҳоро низ парвариш мекунад. Гулҳои ӯ аз 10 то 100 сомонӣ нарх доранд. Маҳз дарахтони ороишӣ ва гулҳои ӯ Кохи миллати моро зебу зинат медиҳанд.

Ҳамчунин боғи ӯ дар шаҳри Турсунзода ҷойи таҷрибаомӯзии мутахассисони ҷавони бахши кишоварзии ҷумҳурӣ аст. Маҳз назди ӯ донишҷӯён аз боғдорӣ, роҳу воситаҳои беҳтар кардани ҳосил ва мутобиқгардонии ниҳолу буттаҳои воридшуда ба кишвар сабақ меомӯзанд.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ – Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед! Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст! Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.news ва [email protected].

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио