Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Маркази Амрико дар Душанбе ба ифтихори ҷашни Рӯзи истиқлолияти ИМА консерти гурӯҳи мусиқии Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии ин кишвар «AFCENT» доир мегардад. Оғози консерт соти 15:00. – Нахустин чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни занон оғоз мегардад. Дар он шаш даста  – «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Суғд» (Хуҷанд), «Барқ Норак» (Норак) ва […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Маркази Амрико дар Душанбе ба ифтихори ҷашни Рӯзи истиқлолияти ИМА консерти гурӯҳи мусиқии Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии ин кишвар «AFCENT» доир мегардад. Оғози консерт соти 15:00.

– Нахустин чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни занон оғоз мегардад. Дар он шаш даста  – «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Суғд» (Хуҷанд), «Барқ Норак» (Норак) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) иштирок мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.1756 сомонӣ;

1 евро – 10.6951 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1450 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1939 – Ифтитоҳи Анҷумани аввалини омӯзгорон-аълочиёни Тоҷикистон.

1970 – Таъсиси Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Тоҷикистон – феълан Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ ҶТ.

2001 — Раиси иттиҳодияи «Мазда Ясна» Рӯдакӣ Самадов кушта шуд.

1932 – Зодрӯзи нависанда Ҳайрат Шанбезода.

1940 – Мавлуди нависанда, рӯзноманигор, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Бахтиёр Муртазоев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +36+41; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +36+41; дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +9+14, рӯзона +26+31; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +15+20.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +35+40; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +28+33.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +38+40.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +27+29.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.