Як гурӯҳи афроди мусаллаҳ бинои сохтмонаш нотамом дар қисмати ғарбии шаҳри Кобулро, ки дар паҳлӯи тамрингоҳи хадамоти масуси маҳаллӣ воқеъ аст, тасарруф намуд, хабар медиҳад CA-News бо истинод ба шабакаи телевизионии афғонии Tулӯъ.
Ба гуфтаи шоҳидон, ҷангиён дар дохили бино пинҳон шуда, тамрингоҳро ҳадафи тирпарронӣ қарор додаанд.
Бино ба маълумоти ВКД Афғонистон, ба ҷойи ин ҳодиса воҳидҳои иловагии нерӯҳои таъмини амният сафарбар мешаванд.
Доир ба талафоти ҷонӣ маълумот дода намешавад. Як манбаъ ба шабакаи телевизионии Тулӯъ хабар додааст, ки бар асари ҳамла касе осеб надидааст.
Ҳеҷ кадоме аз гурӯҳҳо бо шумули Толибон, масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.