Дар Бӯстон пояи 50-метраи парчами миллӣ сохта мешавад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳо дар майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Бӯстон шинос шуд. Раиси вилоят аз сураъати начандон хуби корҳои сохтмонӣ норозигӣ изҳор намуда, дастур дод, ки ситод таъсис дода шуда, корҳои сохтмон тезонида ва шумори сохтмончиён зиёд карда шавад. Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Бӯстон 2 гектарро фаро гирифта, дар […]

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳо дар майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Бӯстон шинос шуд.

Раиси вилоят аз сураъати начандон хуби корҳои сохтмонӣ норозигӣ изҳор намуда, дастур дод, ки ситод таъсис дода шуда, корҳои сохтмон тезонида ва шумори сохтмончиён зиёд карда шавад.

Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Бӯстон 2 гектарро фаро гирифта, дар марказаш бо баландии 50 метр пояи Парчами давлатӣ гузошта мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории Бӯстон.

Бино ба иттилои манбаъ, бари парчам- 7 ва дарозиаш – 14 метрро ташкил хоҳад дод. Қаламрави майдонро се фаввора, гулгашту роҳравҳо ва замини сарсабзу гулпӯш ва буттаву ниҳолҳои ороишӣ зебу оро хоҳанд дод.

Дар доираи корҳои ободонӣ дар шаҳри Бӯстон ба ифтихори 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сохтмони 150 иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоӣ ва маишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон корҳои таъмири асосӣ ва навсозии боғи марказии шаҳрии фарҳангу истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ ҷараён дорад. Қаламрави боғ 7 гектарро ташкил дода, дар он фаввораву гулгаштҳо сохта мешаванд. Дар боғ аттраксионҳои муосир насб мешавад. Ҳамчунин дар боғ муҷассамаи нави Садриддин Айнӣ гузошта мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.