Ҳабси 11 нафар роҳбарони бозорҳои Тошканд барои роҳ додан ба пӯсидани пиёз

Охири моҳи июн дар ҷаласаи эътилофи "Тошбоҳорсавдо" ҳадди ақал 11 роҳбари бозорҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон боздошт шуданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи намояндаи Додситонии кулли Ӯзбекистон, нисбати боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноятӣ боз ва ҳамаи онҳо дар роҳ додан ба пӯсидани пиёз дар анборҳои давлатӣ айбдор мешаванд. Ин ҳодиса дар таърихи 30 июн […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Охири моҳи июн дар ҷаласаи эътилофи "Тошбоҳорсавдо" ҳадди ақал 11 роҳбари бозорҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон боздошт шуданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи намояндаи Додситонии кулли Ӯзбекистон, нисбати боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноятӣ боз ва ҳамаи онҳо дар роҳ додан ба пӯсидани пиёз дар анборҳои давлатӣ айбдор мешаванд.

Ин ҳодиса дар таърихи 30 июн рух дода, аммо танҳо ҳоло расонаӣ шудааст. Наздикони боздоштшудаҳо мегӯянд, онҳоро давоми ду моҳ дар боздоштгоҳи вазорати корҳои дохилӣ нигаҳдорӣ кардаанд.

"Падари маро он рӯз ба ҷаласа даъват карданд. Вале дар рафти ҷаласа ӯро боздошт карданд. Ба ҷуз падари ман роҳбари 10 бозори дигарро ҳам боздошт карданд", – гуфт писари яке аз раисони боздоштшуда.

Баҳори имсол дар бозорҳои Тошканд ба муштариҳо тақрибан 3 ҳазор тонна пиёзи ройгон тақсим карданд. Ба гуфтаи яке аз масъулони эътилофи "Тошбозорсавдо", боздошти роҳбарони бозорҳо маҳз ба ҳамин ҳодиса рабт дорад.

"Боздоштшудаҳо дар расонидани зарар ба буҷаи давлат дар ҳаҷми 12 миллиард сӯм (наздики 1,5 миллион доллар) айбдор мешаванд", – гуфт намояндаи эътилоф.

Ба гуфтаи вай, миёни боздоштшудаҳо раисони бозорҳои "Урикзор", "Челонзор", "Бек тупӣ", "Чорсу" ва ғайра ҳастанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.