Бародари муноқишагар дар ҳавопаймо: «Давлатқадам бемори рӯҳӣ аст»

Пайвандону наздикони Давлатқадам Давлатқадамов, ки дар ҳавопаймои хатсайри Маскав – Душанбе ба ҷанҷолу муноқиша пардохт, аз он дар ташваишанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таҳқири ӯ оғоз кардаанд. Бародари хурдии ӯ Шамс мегӯяд, Давлатқадам бемории рӯҳӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, Давлатқадам 25-сола буда, дар ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. Дар Душанбе дар давраҳои омӯзишии касби халабонӣ […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Пайвандону наздикони Давлатқадам Давлатқадамов, ки дар ҳавопаймои хатсайри Маскав – Душанбе ба ҷанҷолу муноқиша пардохт, аз он дар ташваишанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таҳқири ӯ оғоз кардаанд. Бародари хурдии ӯ Шамс мегӯяд, Давлатқадам бемории рӯҳӣ дорад.

Ба гуфтаи ӯ, Давлатқадам 25-сола буда, дар ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. Дар Душанбе дар давраҳои омӯзишии касби халабонӣ (лётчикӣ) дар ДОСААФ таҳсил карда, сипас соли 2013 юа Омӯзишгоҳи касбии ҳавоӣ-техникии Омск дохил мешавад.

«Барои таҳсил дар курсҳои болоӣ барои ӯ шаҳрвандии Русия лозим буд. Шаҳрвандӣ надошт ва дохил шуда натавонист. Ин шояд ба вазъи равонии ӯ таъсир карда бошад. Ду ҳафта пеш ба мо дар бораи бемориаш хабар доданд. Бо шиносҳо гапзанон кардем, ки Давлатқадамро ба Душанбе назди оила фиристанд. Эҳтимол вақти парвоз беморӣ хурӯҷ карда, чунин ҳодиса рух додааст», – иброз дошт Шамс.

Аз ин рӯ, пайвандону наздикони Давлатқадам ба ҳама бо дархости таҳқир накардани ӯ муроҷиат менамоянд. «Дархост дорем, ки одамон ӯро масхараву таҳқир накунанд. Модарам гиря дорад», – гуфт Шамс, вале дар посух додан ба савол дар бораи маҳз ба кадом беморӣ гирифтор будани бародараш душворӣ кашид.

Айни замон нисбати Давлатқадам парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора «Интерфакс» бо истинод ба намояндаи Раёсати байниминтақавӣ дар нақлиёти Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав хабар медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио