Ҷӯрабек Муродов: Иосиф Кобзон натанҳо овозхони шинохта, балки инсони бузург ва дӯсти нек буд

– Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзон натанҳо овозхони шинохта, балки инсони бузург ва дӯсти нек низ буда, мо чандин сол бо ҳам дӯсту қарин будем, – гуфт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов. “Ман аз Иосиф Давидович панҷ сол хурдтарам, лекин сарфи назар аз ин, ҳамеша ба ман […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

– Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзон натанҳо овозхони шинохта, балки инсони бузург ва дӯсти нек низ буда, мо чандин сол бо ҳам дӯсту қарин будем, – гуфт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов.

“Ман аз Иосиф Давидович панҷ сол хурдтарам, лекин сарфи назар аз ин, ҳамеша ба ман бо “дӯсти ҷавони ман” муроҷиат мекард. Истеъдоди ӯ худодод буд, дар саросари ҷаҳон ҳурматаш мекарданд, даргузашти ӯ натанҳо барои Русия, балки барои тамоми дунё талафоти бузург аст”, – иброз дошт овозхони тоҷик.

Ҷӯрабек Муродов қайд кард, ки моҳи декабри соли 2012 Иосиф Давидович ба ҷашни 70-солагии ӯ ба Душанбе омада, соли гузашта ӯ ба ҷашни 80-солагии Кобзон ба Маскав рафта буд.

“Иосиф Давидович ба фарҳангу ҳунари мардуми тоҷик эҳтироми хос дошт, мо ҳамеша дастгирӣ ва илтифоту меҳрубонии ӯро эҳсос мекардем”, – таъкид дошт Муродов.

Ба гуфтаи ӯ, Иосиф Кобзон аз ҳузуру ҳунарнамоӣ дар ҷойҳои ноамну хавфнок ҳарос надошт.

“Ӯ се маротиба назди сарбозони шӯравӣ дар Афғонистон, чандин бор дар Чеченистони дар ҳалқаи ҷанг қарордошта, Луганску Донетск замони даргириҳо ҳунарнамоӣ карда, солҳои 90-ум замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар Душанбе консерт намоиш дода буд”, – таъкид дошт сароянда.

Иосиф Кобзон санаи 30 август дар Маскав аз олам даргузашт. Тӯли солҳои зиёд ӯ аз дарди саратон азият мекашид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.