Президенти Фаронса сафари Мирзиёевро ба Париж мунтазир аст

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёевро бо 27-умин солгарди истиқлоли давлатии Ӯзбекистон табрику таҳният гуфт. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Макрон ҳамчунин гуфтааст, сафари қарибулвуқуи Мирзиёевро барои баррасии тақвияти муносибатҳои ду кишвар дар Париж мунтазир хоҳад буд. "Аз наздикшавии мудаввоми Фаронсаву Ӯзбекистон, ки аслан, солҳост, бо ҳам шариканд, истиқбол менамоям. […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёевро бо 27-умин солгарди истиқлоли давлатии Ӯзбекистон табрику таҳният гуфт.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Макрон ҳамчунин гуфтааст, сафари қарибулвуқуи Мирзиёевро барои баррасии тақвияти муносибатҳои ду кишвар дар Париж мунтазир хоҳад буд.

"Аз наздикшавии мудаввоми Фаронсаву Ӯзбекистон, ки аслан, солҳост, бо ҳам шариканд, истиқбол менамоям. Дар баробари афзоиши табодули мол ва густариши ҳамкории стратегӣ миёни ду кишвар, умедворем, дар соли равон муколамаи сиёсии мо боз ҳам тақвият хоҳад ёфт. Мулоқот бо шуморо дар ҷараёни сафари расмиатон ба Париж бо шавқ интизорам", – омадааст дар паёми табрикии президенти Фаронса.

Макрон зикр кардааст, ки сафари Мирзиёев ба Фаронса имконият медиҳад, ки роҳҳои тақвият ва густариши минбаъдаи робитаҳои ду кишвар баррасӣ шаванд.

Ёдрас мешавад, ки охирҳои моҳи август расонаҳои Ӯзбекистон хабар доданд, ки Мирзиёев моҳи октябри соли равон ба Фаронса хоҳад рафт. Барномаи ин сафар дар сатҳи ҳукумат таҳия ва қабул шудааст.

Моҳи июли соли равон дар шаҳри Париж нахустин хонаи савдои Ӯзбекистон дар Фаронса боз шуд. Вазифаи асосии он пешбурди содироти маҳсулоти Ӯзбекистон ба Фаронса ва кишварҳои дигари Аврупо аст. Ҳамчунин Фаронса маҳдудияти фитосанитарии фурӯши харбуза ва анори Ӯзбекистонро бекор кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.