Як зумра кормандони сохторҳои қудратӣ унвони генералӣ гирифтанд

Дар остонаи таҷлили ҷашни навбатии солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон ба як гурӯҳ кормандони сохторҳои қудратии ҳукумати кишвар рутбаҳои баланди генералӣ дод. Бо фармони сарвари давлат ба муовини вазири адлия – сардори Сарраёсаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорат Иззатулло Шарифзода рутбаи генерал-полковник дода шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Муовини […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар остонаи таҷлили ҷашни навбатии солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон ба як гурӯҳ кормандони сохторҳои қудратии ҳукумати кишвар рутбаҳои баланди генералӣ дод.

Бо фармони сарвари давлат ба муовини вазири адлия – сардори Сарраёсаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорат Иззатулло Шарифзода рутбаи генерал-полковник дода шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода ба унвони генерал-лейтенант сазовор дониста шуд.

Сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар минтақаи Рашт Сафиалло Азизуллозода, сардори Раёсати тартиботи ҷамъиятии ВКД Зикрулло Ҳукуматулло, сардори Раёсати БДА ВКД Акбар Насимзода ва сардори корхонаи нақлиёти ВКД Шерхон Муродзода ба рутбаи генерал-майор соҳиб шуданд.

Ду муовини роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Зафар Самад ва Муртазо Ҳайдарзода низ унвони генерал-майор гирифтанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.