Боғи таъмиру навсозишудаи “Дӯстии халқҳо” то ҷашни асосии Тоҷикистон боз мешавад

Барои таъмиру навсозии яке аз боғҳои бузурги фарҳангу истироҳати Душанбе – боғи “Дӯстии халқҳо (назди бозори “Саховат”) ба ҷуз воситаҳои буҷети пойтахт, ҳамчунин маблағҳои буҷети вилояти Хатлон, Кумитаи андози Тоҷикистон ва соҳибкорони маҳаллӣ масраф шуданд. То ҷашни асосии ҷумҳурӣ – Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки президенти Тоҷикистон боғи мазкур мавриди истифода қарор мегирад, хабар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Барои таъмиру навсозии яке аз боғҳои бузурги фарҳангу истироҳати Душанбе – боғи “Дӯстии халқҳо (назди бозори “Саховат”) ба ҷуз воситаҳои буҷети пойтахт, ҳамчунин маблағҳои буҷети вилояти Хатлон, Кумитаи андози Тоҷикистон ва соҳибкорони маҳаллӣ масраф шуданд.

То ҷашни асосии ҷумҳурӣ – Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки президенти Тоҷикистон боғи мазкур мавриди истифода қарор мегирад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории Душанбе.

Боғи “Дӯстии халқҳо” соли 1972 сохта шуда, дар майдони 30 гектар воқеъ аст. Нахуст корҳои таъмру навсозӣ ва ободонии боғ пурра ба дӯши маъмурияти вилояти Хатлон вогузор шуда буданд Сипас Кумитаи андоз ва соҳибкорони маҳаллӣ низ ба он ҷалб гардиданд.

Ҳукумати виояти Хатлон 41 ҳазор метри мураббаъ гулгаштҳои боғро обод намуда, 4,2 гектар майдони қаламрави онро сабзу хуррам гардонид.

Дар майдони 2,3 гектари боғ Кумитаи андоз чор майдони футболи хурд, майдон барои бозии кӯдакон ва ҳамчунин бинои маъмурии боғро бунёд кард.

Қобили зикр аст, ки дар ин боғ бори аввал дар Душанбе дар майдони наздики 1 гектар ролледром сохта мешавад. Ҳамчунин толори бозиҳо компютерӣ ва фурӯшгоҳи сарулибоси варзишӣ низ ба истифода дода мешавад.

Ролледром аз ҳисоби воситаҳои соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, барои бунёди он ҳудуди 2 млн. сомонӣ маблағ сарф шудааст. Дар қаламрави боғ ҳамчунин амфитеатр бо 1,5 ҳазор ҷойи нишаст низ сохта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.