Геологҳои тоҷик мустақилона корҳои иктишофии газу нафтро дар қаламрави ҷумҳурӣ шурӯъ мекунанд

Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Геологҳои тоҷик мустақилона корҳои иктишофии газу нафтро дар қаламрави ҷумҳурӣ шурӯъ мекунанд. Чӣ тавре ки сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҶТ Азими Иброҳим ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо ин мақсад гурӯҳи иборат аз 20 мутахассис ташкил гардида, он бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст. «Дар марҳилаи аввал […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Геологҳои тоҷик мустақилона корҳои иктишофии газу нафтро дар қаламрави ҷумҳурӣ шурӯъ мекунанд.




Чӣ тавре ки сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҶТ Азими Иброҳим ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо ин мақсад гурӯҳи иборат аз 20 мутахассис ташкил гардида, он бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст. «Дар марҳилаи аввал мутахассисони тоҷик дар ҳамдастӣ бо ширкати «Tethys Тajikistan Limited»-и Канада ба корҳои иктишофӣ машғул хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.



А.Иброҳим гуфт, феълан ин ширкат ва як ширкати қазоқии дигар дар гирду атрофи пойтахт, аз ҷумла дар майдонҳои конҳои Комсомол, Хонақоҳ , Айнӣ ва Навобод ба корҳои иктишофӣ машғул мебошанд. «Айни замон 5 ширкат дар қаламрави Тоҷикистон корҳои ҷустуҷӯ ва иктишофи газу нафтро баргузор месозанд», – афзуд Азими Иброҳим.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.