М.Алимардон: Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи истифодаи захоири обу энергетика ҳеҷ ихтилофе мавҷуд нест

Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ноиби сарвазири ҶТ Муродалӣ Алимардон изҳор дошт, ки миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи истифодаи захоири обу энергетика ҳеҷ ихтилофе мавҷуд нест. Ба гуфтаи М.Алимардон, ҷониби Ӯзбекистон ҳамаи ӯҳдадориҳои соли ҷорӣ ба зимма гирифтаашро дар мавриди транзити нерӯи барқ ва интиқоли барқи Ӯзбекистон ба […]

Парвина Ҳамидова


Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ноиби сарвазири ҶТ Муродалӣ Алимардон изҳор дошт, ки миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи истифодаи захоири обу энергетика ҳеҷ ихтилофе мавҷуд нест.




Ба гуфтаи М.Алимардон, ҷониби Ӯзбекистон ҳамаи ӯҳдадориҳои соли ҷорӣ ба зимма гирифтаашро дар мавриди транзити нерӯи барқ ва интиқоли барқи Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ иҷро кардааст. «Ӯзбекистон моҳи март ба Тоҷикистон 100 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода, транзити нерӯи барқ аз Туркманистонро низ таъмин сохт ва дар навбати худ Тоҷикистон ӯҳдадор шуд, ки обанбори нерӯгоҳи Қайроққумро дар сатҳи зарурӣ барои мавсими обёрии соли равон дар Ӯзбекистону Қазоқистон бо об пур намояд», – гуфт ӯ ва изҳори боварӣ намуд, ки соли равон дар мавсими обёрӣ ҳеҷ мушкилоте пеш нахоҳад омад.



Ноиби сарвазир мегӯяд, тобистони соли равон масъалаи дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола аз Ӯзбекистон харидани 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ ва таъмини транзити барқи Туркманистон дар ҳаҷми беш аз 1 млрд. кВт/соат ҳал хоҳад гардид ва дар ин масъала ҳеҷ мушкилоте нест ва набояд пайдо гардад.

 




Ёдрас мекунем, ки зимистони гузашта сарфи назар аз иҷрои муқаррароти шартнома, Ӯзбекистон аз 1-уми январи соли ҷорӣ транзити барқи Туркманистон ба Тоҷикистонро қатъ сохта, танҳо аз 1-уми март онро барқарор кард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.