Агентии Амрико оид ба рушди байналхалқӣ амалигардонии «Барномаи сиҳатии модару кӯдак»-ро оғоз намуд

Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии Амрико оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) амалигардонии барномаро оғоз намуд, ки он сиҳатии модару кӯдакро дастгирӣ   менамояд. Барномаи мазкур дар 3 ноҳияи вилояти Суғд – Ғончӣ, Мастчоҳ ва шаҳраки Табошар амалӣ мегардад. Кормандони тиббии деҳавӣ, ки умуман дар системаи Вазорати тандурустии ҶТ фаъолият мебаранд ва бо хизматрасонии […]

root


Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии Амрико оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) амалигардонии барномаро оғоз намуд, ки он сиҳатии модару кӯдакро дастгирӣ

 

менамояд. Барномаи мазкур дар 3 ноҳияи вилояти Суғд – Ғончӣ, Мастчоҳ ва шаҳраки Табошар амалӣ мегардад. Кормандони тиббии деҳавӣ, ки умуман дар системаи Вазорати тандурустии ҶТ фаъолият мебаранд ва бо хизматрасонии тиббӣ барои модарону кӯдакон сарукор доранд, бо оилаҳо якҷоя кор мекунанд, барои беҳтар кардани сатҳи гигиенӣ ва саломатии онҳо кӯмак хоҳанд кард. Барнома аз тарафи созмони ғайриҳукуматии Амрико – ҳайати Шафқат амалӣ мегардад ва буҷаи умумии ин барномаи 5-сола 3 124 078 млн. доллари амрикоӣ буда аз он занҳои қобили таваллуд ва кӯдакони синни то 5 сола баҳра хоҳанд бурд. Барномаи мазкур якчанд вазифаҳоро дорост, ки аз баланд бардоштани миқдори модароне, ки ғизодиҳии беҳтар ва нигоҳубини кӯдакро иҷро мекунанд ва инчунин дар роҳи беҳтар кардани саломатии кӯдаки то 2-солаи хеш саъю кӯшиш мекунанд, баланд бардоштани теъдоди заноне, ки аз нигоҳубини модар ва кӯдаки навзод бархӯрдор ҳастанд, баланд бардоштани қобилияти муассисаҳои тиббии Вазорати тандурустии ҶТ барои таъмин намудани хизматрасонии босифат ба

 

модару кӯдак иборатанд.

 





Менеҷери лоиҳаи мазкур дар вилояти Суғд Иззатов Саъдӣ зарурати барномаро чунин шарҳ медиҳад:

 

«Дар давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ёрии тиббӣ фаъолона истифода намекарданд. Онҳо хуб намедонистанд, ки саломатии худро чӣ гуна нигоҳ доранд ё касалиҳои кӯдакони худро бо кадом роҳҳои оддӣ пешгирӣ намоянд.

 

Дар мавриди ҳатто як сулфа ҳам онҳо ба фелдшер ё ба духтури атфол муроҷиат мекарданд, ки он корманди тиб дар навбати худ ягон дору ё муолиҷаи мураккаб таъин намуда роҳҳои оддии пешгирии касалиҳоро тавсия намекарданд. Зарурати истифода бурдан аз баъзе таҷрибаҳо ва хизматрасонии тиббии махсус на дар мактабҳо ва на дар дигар муассисаҳои таълимӣ тарғиб мешуд. Дар вақти ҷоришавии хизматрасонии пешгирии касалиҳо пошхӯрии системаи Шӯравӣ сар шуда буд. Бинобар ин, оилаҳоро ба истифода бурдан аз чунин хизматҳо ташвиқу тарғиб намекарданд. Ҳангоми амалигардонии чунин барномаҳо дар дигар ноҳияҳои вилояти Суғд мо мушоҳида кардем, ки мардуми деҳот тарзи хаёти солимро зуд аз худ мекунанд».

  




Мутахассиси санҷиш ва баҳодиҳии ҳайати Шафқат дар вилояти Суғд Таҳмина Ҷабборова мегӯяд: «Таҳқиқоти ба наздикӣ гузаронидашуда нишон медиҳад, ки одатан волидайн кӯдаки худро, ки дарунравии вазнин дорад, барои табобат ба муассисаи тиббӣ намебаранд; Ғайр аз он,

 

аксари пурсидашудагон аломатҳои хатарноки давраи навзодиро тамоман намедонанд. Истифодаи регидрон дар байни мардум на он қадар маъмул аст. Барои ҳалли ин муаммоҳо, лоиҳа омода аст, бисёр корҳоро дар чаҳорчӯбаи самтҳои барнома амалӣ созад. Сафарбаркунии ҷомеа ва ташвиқу тарғиби тағйири рафтор яке аз самтҳои асосии кор бо аҳолии барнома мебошад. Созмон барои омӯзиши занҳо, мардҳо ва дигар аъзохои оила якчанд сарчашмаҳоро истифода хоҳад бурд. Чунин усул – усули босамар буда, беаҳамиятиро нисбат ба тансиҳатӣ тағйир медиҳад ва имкон медиҳад, ки мардум нисбат ба саломатии хеш масъултар бошанд”



Барномаи Ҳайати Шафқат «Сиҳатии модару кӯдак» яке аз бисёр лоиҳаҳои кӯмакии Агентии Амрико оид ба рушди байналхалқӣ мебошад, ки аз номи мардуми Амрико амалӣ мегардад. Аз соли 1993 инҷониб, зиёда аз 300 миллион доллар аз мардуми Амрико барои рушди иқтисодиёт, соҳаи тандурустӣ, маориф ва институтҳои демократии Тоҷикистон равона шудаанд. Дар ин бора аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.